ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид

Декабрь 10, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арсаи сиёсии ҷумҳурӣ фаъолияти босамар дораду марому ҳадафи асосии он фароҳам овардани фазои амну ором, заминаи устувор гузоштан ба рушду тараққиёти Ватан  ва таъмини саодати мардум  мебошад, 31 сол сипарӣ гардид. Вобаста ба  ин АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Раиси Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода мусоҳиба доир намуд, ки пешниҳоди хонанда  мегардад.

— АМИТ «Ховар»: Аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ гардид. Мегуфтед, ки давоми солҳои сипаришуда ҳизб мақсаду мароми  худро чӣ гуна амалӣ намуд ва барои пешрафти Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад?

— Маликшо Неъматзода:  Ҳизби мо бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, имрӯз ба неруи қудратманду таъсиргузор ва маҳбуби ҷомеа табдил гардидааст.

Давоми ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳилаҳои  озмоишии  пуршебу фарозро пушти сар намуда, аз имтиҳони санҷишии таърихӣ бо ифтихор ва сари баланд гузашт.  Дар ин марҳила  мақому  манзалати ҳизб на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфт.

Таърих ва заминаҳои пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраҳои барои давлатамон бесуботу  фалокатбор ибтидо мегирад. Дар он шароит барои мардуми ҷумҳурӣ созмон додани ҳизбе зарур буд, ки ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ин сиёсат кумак расонад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, «мо метавонистем, ки ба сохторҳои ҳизбии дар он айём амалкунанда такя намоем. Вале ба чунин қарор омадем, ки ҳизби мустақили худро ташкил карда, бо роҳи сиёсии мустақилона равона шавем».

— АМИТ «Ховар»: Дар давраи таъсис аъзои ҳизб барномаҳои худро аз рӯи кадом меъёрҳо амалӣ намуданд?

— Маликшо Неъматзода: Барномаи фаъолияти ҳизбиро ба тақозои мардум, талаботи рӯз ва меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонида, бо вуҷуди мушкилоте, ки он рӯзҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳукмфармо буданд, қадам ба қадам пеш равем. Ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат таъсир расонида, ба беҳбуди он мусоидат намоем.

Дар он давра масъалаи қабули Конститутсияи мамлакат барои давлату миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мерафт. Яъне, таъсиси ҳизби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад. Ва беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда,  ҳизби мо пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёд кард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша такя ба илму фарҳанг, арзишҳои маънавии худогоҳию ватанӯстӣ намуда, барои татбиқи пурсамари сиёсати фарҳангии давлат, ки ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, ҳифз кардан ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат нигаронида шудааст, хизматҳои шоён кардааст.

Бо ифтихору сарфарозӣ метавон иброз дошт, ки нақши ҳизби мо дар пешрафти ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва комилан равшан аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои фаъолият дар баробари ташаккули элитаи сиёсии мамлакат ба тарбияи қишри зиёии ватандӯсту давлатмеҳвар мусоидат намуда, дар густариши худшиносию худогоҳӣ саҳми муносиб гузошт. Зеро маҳз ватандӯстию  худшиносӣ ва давлатмеҳварӣ омили таҳкими истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳизби мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари хирадманди хеш талош намуд, ки суботу амният ва ваҳдати миллӣ ба  фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад ва дар ин ҷода муваффақ низ гардид.

Дар ин давра мо тавонистем, ки фарҳангу маърифати сиёии мардумро тақвият бахшида, ба боло рафтани  масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намоем. Зимнан аҳзоби сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ маҳсуб мешаванд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаҳои сиёсӣ ва иштирок дар корҳои созандагию бунёдкорӣ натиҷаи дастоварди ҳизби мо мебошад.

— АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқею мақом пайдо намудааст. Ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

— Маликшо Неъматзода: Ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз тавсеа меёбад. Фаъолияти бомарому раъиятпарварона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Раиси муаззами он омили боло рафтани эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ низ гардидааст. Имрӯз Тоҷикистони моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати амну босубот ва дар ҳоли рушду тавсеа мешиносаду эътироф менамояд.

Ҳизби мо ба ҳайси неруи раҳнамунсоз ва пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ҳафтсад ҳазор нафар аъзо, инчунин ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсию ҷамъиятии мамлакат ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.

— АМИТ «Ховар»: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат чӣ тадбирҳо меандешад?

— Маликшо Неъматзода: Ҳадафи ҳизб фароҳам овардани шароит барои  рушди иқтисод  ва бо ин роҳ муҳайё  сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.

Тақвият бахшидани иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари фаъолият ва барномаҳои ҳизби мо ҷой гирифтааст.  Ҳанӯз дар солҳои мушкили даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки мо таҳти фишори ниҳоят сахти мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоию  иқтисодӣ ба барқарорсозии иқтисодиёти миллии харобшуда,  ислоҳоти иқтисодӣ ва амалисозии марҳала ба марҳалаи муносибатҳои  нави бозаргонӣ оғоз  намудем.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, Консепсияи рушди мамлакат то давраи соли 2050 ва Стратегияи рушди миллӣ то давраи то соли 2030 рушди минбъадаи иқтисодиёти мамлакатро ташкил медиҳанд.

Ҳизби мо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаю стратегияҳои рушди миллӣ мунтазам чораҷўӣ намуда, дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои равнақи иқтисоди миллӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум талош менамояд.

Натиҷаи ин талошҳо аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат сол аз сол афзоиш меёбад.

Аз ҷумла, соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Тавре Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соле қабл таъкид доштанд, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ҳамин тариқ,  давра ба давра шароити мусоиди зиндагӣ барои мардум фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷаи амалисозии ин тадбирҳо сатҳи нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 18 фоиз дар соли 2024  коҳиш дода шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва соноатикунонии босуръати иқтисодиёт дар ҳамкории мутақобил бо мақомоти давлатӣ ҳамеша талошҳои рӯзафзун дорад.

— АМИТ «Ховар»: Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб масъулияти бузурги сарпарастии маънавии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бар дӯш гирифтааст. Мегуфтед, ки дар ин самт чӣ тадбирҳо ба роҳ монда шуданд?

— Маликшо Неъматзода: Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб пайваста чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани руҳияи кормандони ин иншооти ҳаётан муҳим аст.

Муҳимияти иқдоми бунёди пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мо, аъзои ҳизбро водор менамояд, ки бо дарки масъулияти бештар фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монем ва ба таври комил дар мавриди истифода қарор додани ин иншооти бузурги аср саҳм гузорем.

Бахшида ба ҷашни бузурги 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ мо озмуни «Роғун – нурбахши роҳи фардои Ватан» эълон намудаем, ки ғолибону иштирокчиёни он бо мукофотҳои ҳизбӣ  ва туҳфаҳои арзишманд ҳавасманд гардонида мешаванд.

— АМИТ «Ховар»: Соли равон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пирӯз гардид. Баъд аз пирӯзӣ аз ҷониби ташкилоти ҳизб кадом корҳо пеш бурда мешаванд?

— Маликшо Неъматзода: Соли равон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳизби мо раъйи аз ҳама бештар ба даст оварда, пешсафиашро байни дигар ҳизбҳои сиёсии мамлакат ҳифз намуд. Ин бозгӯи маҳбубияту маъруфияти ҳизби мо дар байни аҳолии мамлакат аст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки пирӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба обрӯю нуфуз ва истеъдоди фитрии сарвараш алоқаманд аст.

Ҳизби мо беҳтарин дастовардҳои башариро бо тафаккури миллӣ ҳамоҳанг сохта, ҳама моделҳои муосири сиёсати ҷаҳониро бо арзишҳои маънавию фарҳангии миллат пайванд намудааст.

Маҳз бо ибтикори Раиси муаззами ҳизб мо ба таърихи миллат ва арзишҳои маънавӣ руҷӯъ намуда, барои густариши худшиносию ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат талош намудем. Ба раҳоӣ аз таассубу хурофот иқдом намуда, роҳи зиндагии саодатмандонаро бо такя ба илму хирад мушаххас гардонидем.

Ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои имконияти мусоиди фаъолият буда, имрӯз дар татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаҳои ҳизб саҳми арзанда мегузоранд. Ҳизби мо дар Парламенти мамлакат фраксияи қавӣ таъсис дода, 42 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба он дохил мебошанд. Аъзои фраксия дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарори мамлакат на танҳо дар эҷоди қонунҳо пурсамар фаъолият карданд, балки дар такмили асноди зиёди меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат саҳми муносиб мегузоранд.

Бо ташаббуси фраксияи ҳизби мо дар Маҷлиси намояндагон  шумораи зиёди қонунҳо қабул гардидаанд, ки онҳо дар маҷмуъ ба таҳкими низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат ва зиндагии орому босуботи мардуми Тоҷикистон мусоидат намуданд.

— АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, дар мамлакат Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030 амалӣ мегардад. Мегуфтед, ки ин барнома кадом самтҳоро дар бар мегирад?

— Маликшо Неъматзода: Барнома самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро, ки  дар стратегияи минбаъдаи он муайян гардидааст, пешбинӣ менамояд. Дар он чунин таъкид гардидааст: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тавсеаи ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистонро аз ҳама арзишҳо болотар дониста, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмуъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд».

Яке аз самтҳои муҳимтарини барномаи фарогири рушди мамлакат, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст, сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Он дар заминаи амалӣ гардидани нақшаҳо дар бахши иқтисод афзалияти бештар касб менамояд.

Ҳизби мо зери роҳбарии Пешвои миллат ҳадафу вазифаҳои худро зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» мушаххас намудааст ва маҳз ҳамин ҳадаф самти асосию муҳимтарини фаъолияти мо дар давраи минбаъда мебошад.

Бовар дорам, ки ҳар шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус ҳар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронида саҳми назаррас мегузоранд.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз онҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад