Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд

Март 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон итттилоъ медиҳад, ки бинобар бориши зиёде, ки аз 4 то 11 март дар ҷумҳурӣ ба амал омад, дар баъзе мавзеъҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Рашт сел омада, тарма фаромад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар километри 661-уми роҳи байналмилалии «Душанбе – Кулма», дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи мошингарди «Рӯшон – Бартанг» тарма фаромад. Дар деҳаҳои Аличур ва Мамадзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад.

Ҳамзамон дар ноҳияҳои водии Рашт-Нуробод, Сангвор ва Лахш борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардид. Аз оғози моҳи феврал то имрӯз дар роҳи байналмилалии мошингарди «Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон» ва роҳи мошингарди «Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб» фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон дар километрҳои 171+500,196, 196+800, 198, 203-юми роҳи мошингарди «Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон» ва километрҳои 3,8,17,22,27,52-юми роҳи «Лабиҷар – Сангвор» сел омад. Офатҳои табиӣ дар ин ноҳияҳо ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори роҳҳо осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид.

Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт фавран аз пайи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ шуда, роҳҳоро аз барф ва сангрезаю лойқа тоза ва ҷойҳои осебдидаи роҳҳоро таъмир мекунанд. Ҳоло ҳаракати муттасил ва бемамониати воситаҳои нақлиёт дар тамоми ин роҳҳо барқарор гардидааст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, даҳаи дуюм ва сеюми моҳи март дар водиҳои Тоҷикистон борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои Варзоб, Шаҳристон, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Файзобод, Рашт, Сангвор, Лахш, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Шуғнон ва Ишкошим қабати барф метавонад ба 10-30 см расад. Сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Аз ин рӯ, дар ин минтақаҳо хатари резиши санг, омадани сел ва фаромадани тарма дар канори роҳҳои байналмилалии «Душанбе – Чанок» ва «Душанбе – Кулма» аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои обуҳавошиносон, ҷамъшавии миқдори зиёди барф, якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ва бориши борон асосан дар фасли зимистон (декабр-феврал) ва аввали баҳор (март-апрел) бештар мушоҳида мешавад, ки ин боиси рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили сангрезиш ва селу тарма мегардад. Дар робита ба ин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба тамоми муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мамлакат супориш додааст, ки техникаи нигоҳдории роҳҳоро дар ҳолати омода нигоҳ доранд. Вазорат инчунин ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар шароити номусоиди боду ҳаво-борон, барф, туман, шамоли шадид, сел ва тарма хеле боэҳтиёт бошанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд