Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид

Декабрь 23, 2025 10:07

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хайрулло Сабурӣ таҳия гардидааст, ба нашр расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар китоб муҳтавои асосии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (солҳои 2015–2025) ба тариқи саволу ҷавоб шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Ба таъкиди муқарризон, китоб дар муаррифии муваффақонаи сиёсати давлат ва таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва стратегияи миллии ҷумҳурӣ нақши барҷаста дорад. Ҳамзамон истифодаи маводи он дар раванди таълим, тарбия ва таҳқиқоти илмӣ муассир аст.

Дар китоб бардоштҳои муҳими паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2000 то 2025 дар шакли ҷадвал ҷамъбаст гардидаанд. Инчунин рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ, ки дар заминаи паёмҳо таҳия ва қабул карда шудаанд, инъикос ёфтаанд.

Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун дастурамали муҳими роҳнамо барои муҳаққиқон, таҳлилгарон, устодон, донишҷӯён, таблиғгарон ва кулли ҷомеа пешбинӣ шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Декабрь 23, 2025 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд