Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази агрологистикӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази агрологистикӣ оғоз ёфт.
Марказ дар самти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, андозабандӣ, бастабандӣ ва содироти намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият хоҳад кард.
Маркази агрологистикӣ аз бинои асосӣ, анборҳо ва сардхонаҳои муосир, ошхона бо 48 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми пурраи он то моҳи ноябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳаи ангоравии Маркази агрологистикӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар марказ се хати муосири андозабандӣ ва бастабандӣ фаъол мегардад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази агрологистикӣ 67 нафар бо кор таъмин мегарданд, ки аз ин шумора 40 нафар кормандони мавсимӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин марказ пеш аз ҳама ба такмили занҷираи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти агробизнес ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва бинокорон ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, инчунин ба як маркази муосири ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ табдил додани ин иншоот, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






