ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 24 декабр Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии охирини марҳилаи гурӯҳии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 ба муқобили дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Ҷавоҳирлол Неру»-и шаҳри Гоаи Ҳиндустон баргузор намуда, бо ҳисоби 2:1 ғолиб гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голҳоро дар ин бозӣ Деҷан Дразич, бозингари мизбонон дар дақиқаи 8-ум, Пол Комолафе, легионери африқоии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз Нигерия дар дақиқаи 53-юм, Амирбек Ҷурабоев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар дақиқаи 56-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари даври шашум дастаи футболи «Ал-Наср«-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бар дастаи «Ал-Завра«-и Ироқ бо ҳисоби калони 5:1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ сарвони даста Криштиану Роналду дар нимаи аввал ҳунарнамоӣ кард. Ин аввалин бозии вай дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи Конфедератсияи футболи Осиё-2025/26 буд. Ба ин тартиб, дастаи «Ал-Наср«-и Арабистони Саудӣ, ки бо 18 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «D» ҷойи аввалро соҳиб шуд, ба плей-офф роҳхат ёфт. Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқа дар гурӯҳи «D» ҳал шуд.
Дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон 9-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоӣ шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол карда, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Хотиррасон мекунем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар шаш бозии анҷомдода дар марҳилаи гурӯҳӣ аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби 5 бар 0 дар шаҳри Риёз, аз дастаи «Ал-Завра»-и Ироқ бо ҳисоби 2 бар 1 дар шаҳри Бағдод, аз дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби 4 бар 0 дар шаҳри Душанбе мағлуб шуда, ғалабаро бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2 бар 0 дар хона ва бо ҳисоби 2:1 дар сафар анҷом дод, инчунин бар дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ бо ҳисоби 2 бар 1 дар шаҳри Ҳисор ғолиб омад.
Мусобиқаи мазкур дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста доир гардид. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шуданд. Ҳар минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба минтақаи Ғарб дохил буд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
Аз минтақаи Ғарб дастаҳои футболи «Ал-Васл»-и Амороти Муттаҳидаи Араб, «Истиқлол»-и Эрон — аз гурӯҳи «А», «Ал-Аҳлӣ»-и Қатар, «Аркадаг»-и Туркманистон – аз гурӯҳи «В», «Ал-Ҳусейн»-и Урдун, «Фулод Муборакеш Сипоҳон»-и Эрон – аз гурӯҳи «С», «Макартур»-и Австралия, «Гонг Ан Ҳа Ҳои»-и Ветнам – аз гурӯҳи «Е», «Гамба Осака»-и Ҷопон, «Ратчабури»-и Тайланд – аз гурӯҳи «F», “Персиб Бандунг»-и Ҳиндустон, «Бангкок Юнайтед»-и Тайиланд – аз гурӯҳи «G», «Тампинес Роверс»-и Сингапур, «Поҳанг Стилерс»-и Кореяи Ҷанубӣ – аз гурӯҳи «Н» ба плей-офф роҳ ёфтанд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






