МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли 2025 дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикор ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буд, бо иттифоқи оро қабул шуд. Ин рӯйдод дар сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон дастоварди муҳим арзёбӣ гардида, мавқеи фаъоли ҷумҳуриро дар ташаккули рӯзномаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ бозгӯйӣ менамояд.
Ин ташаббус идомаи мантиқии таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар татбиқи Соли маърифати ҳуқуқӣ дар соли 2024 мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ин таҷрибаи миллӣ бо назардошти аҳамияти умумибашарии он ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки маърифати ҳуқуқӣ омили калидии таҳкими адолати иҷтимоӣ, идоракунии самаранок ва таъмини сулҳу суботи пойдор дар ҷомеаҳои муосир мебошад.
Ин иқдом гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон бо такя ба иродаи сиёсии роҳбарияти олии ҷумҳурӣ масъалаи маърифати ҳуқуқиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди миллӣ ва умумиинсонӣ баррасӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ тавонист онро ба сатҳи қабули қарорҳои ҷаҳонӣ барорад.
Қабули қатънома дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид эътирофи расмии саҳми Тоҷикистон дар пешбурди арзишҳои волоияти қонун ба шумор меравад. Қатънома нақши муҳими маърифати ҳуқуқиро дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон, афзоиши иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани дастрасии баробар ба адолат таъкид менамояд. Ҳамзамон дар санад таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақи сиёсати миллӣ дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатӣ дар рушди таълими ҳуқуқ нишон дода шудааст.
Дар доираи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» густариши талошҳои муштарак барои рушди ташаббусҳои таълимии миллӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, такмили омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, тавсеаи дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ, махсусан барои занон, кӯдакон ва гурӯҳҳои осебпазир, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, инчунин таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти мубодилаи таҷрибаи пешқадам аҳамияти хос пайдо мекунад.
Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қадами муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи ташаккули ҷомеаҳои огоҳ, қонунмеҳвар ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад.
Ин санад ҳамзамон нақши созанда ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии маърифати ҳуқуқӣ ба таври возеҳ инъикос менамояд. Он ба татбиқи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон, таҳкими волоияти қонун ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқ мусоидат намуда, омодагии Тоҷикистонро барои саҳмгузории фаъол дар рушди низоми ҳуқуқии байналмилалӣ тасдиқ мекунад.
Фирдавс АЛИЕВ,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад
6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад






