Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд

Декабрь 20, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва аҳаммияти истифодаи арзишҳои наврӯзӣ дар тарбияи наслҳои оянда зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарварона ва тамаддунсозонаи Сарвари давлат буда, ба ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидааст.

— Ин ташаббуси дурбинонаи Роҳбари давлат на танҳо ҳифзи мероси фарҳангӣ ва суннату анъанаҳои ниёгонро таъмин менамояд, балки ҳамзамон барои муаррифии шоистаи ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи нодири фарҳанги умумибашарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар ин замина бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз имкон медиҳад, ки ин ҷашни куҳан ҳамчун рамзи фарҳангӣ, суннати инсондӯстона ва ганҷинаи ҳувиятсоз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шеваҳои муосир ва муассир муаррифӣ гардад.

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии имрӯз ҷаҳонишуда тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, ташаббусҳои нав, эҳёи арзишҳои ахлоқӣ ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ҳидоят менамояд. Маҳз ҳамин хусусияти фарогири Наврӯз аст, ки онро аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар бурда, ба ойини умумибашарӣ табдил додааст.

Воқеан, Иди байналмилалии Наврӯз метавонад заминаи устувори рушди ҳамкории муштараки фарҳангии кишварҳоро дар доираи «дипломатияи фарҳангӣ» фароҳам оварад. Наврӯз бо талқини некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ, мардумони гуногунфарҳангро ба ҳам наздик месозад.

Бо шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди байналмилалии Наврӯз мазмуну моҳияти нав пайдо намуда, ба беҳтарин ойини умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ҷалб гардад.

Дар идомаи ҳамин сиёсати фарҳангӣ бо иқдоми созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар пойтахт дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар доираи он чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаҳои театрикунонида, форумҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои миллӣ ва варзишҳои суннатӣ баргузор шуда, иқтидори фарҳангии шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг месозанд.

Бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе» бори нахуст соли 2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки ҳамасола амалӣ карда мешавад. Тибқи ин тақвим якчанд чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, барои таҳияи бастаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меояд.

Ҳамзамон ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо ва пайвандгари дирӯзу имрӯз метавонанд ҳамчун тамғаи миллии сайёҳӣ хизмат намуда, имконияти таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели равшани эътирофи арзишҳои инсонпарваронаи он мебошад.

Бо назардошти ин яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, ташаккул ва пешбурди бренди миллии сайёҳӣ, истифодаи васеи ҷашнҳои миллӣ дар маркетинги сайёҳӣ, таҳияи маҳсулоти муосири фарҳангию сайёҳӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Барои тақвияти ин раванд пешниҳод мегардад, ки «Тақвими ягонаи чорабиниҳои наврӯзӣ» ҳамасола дар саросари Тоҷикистон пешакӣ таҳия шуда, маводи таблиғотӣ бо забонҳои гуногун омода ва тавассути расонаҳои байналмилалӣ густурда паҳн карда шаванд. Инчунин таъсиси сомонаи махсуси Наврӯз бо чанд забон, ба роҳ мондани платформаи рақамии муаррифии ҷашн, ҷалби блогерон ва расонаҳои байналмилалӣ метавонад нақши муассир бозад.

Дар маҷмуъ, робитаи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими дипломатияи оммавӣ барои таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ хизмат намуда, ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мардумони гуногуни оламро муттаҳид созад.

Ҳамзамон бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе метавонад ҳамчун абзори калидӣ дар пешбурди брендикунонии ҷашни Наврӯз нақши муассир бозад. Ин Марказ имконият фароҳам меорад, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни тақвимӣ, балки ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳии миллӣ бо муҳтавои ғании таърихӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ муаррифӣ гардад. Тавассути баргузории намоишгоҳҳои доимӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангии интерактивӣ ва муаррифии унсурҳои мероси ғайримоддӣ Марказ метавонад ба майдони ҷозиби фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил ёбад.

Дар ин раванд Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун платформаи ҳамоҳангсоз барои ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҷомеаи эҷодӣ хизмат намуда, ба таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ, этнографӣ ва рӯйдодӣ (event tourism) мусоидат менамояд. Ин иқдом дар навбати худ ба зиёд гардидани ҷараёни сайёҳони хориҷӣ, дароз шудани муҳлати будубоши онҳо дар пойтахт ва болоравии даромади соҳаи сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад.

Илова бар ин фаъолияти Марказ метавонад барои таҳкими мавқеи шаҳри Душанбе ҳамчун маркази фарҳангии минтақавӣ ва байналмилалӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ташаккули симои мусбати мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадимӣ ва фарҳанги сулҳпарвар заминаи боэътимод фароҳам оварад. Аз ин лиҳоз, Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба яке аз унсурҳои муҳими бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад, ки на танҳо рисолати фарҳангӣ, балки вазифаи иқтисодии муҳимро низ иҷро менамояд.

Аз нигоҳи иқтисоди сайёҳӣ фаъолияти мунтазами Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба ташаккули ҷараёни устувори сайёҳии рӯйдодӣ (event tourism) мусоидат намояд. Баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, фестивалҳо, форумҳо ва намоишгоҳҳо дар асоси тақвими солона боис мегардад, ки ҷараёни сайёҳон хусусияти мавсимӣ надошта, давоми сол идома ёбад. Ин омил ба афзоиши шумораи сайёҳон, зиёд шудани ҳаҷми хизматрасониҳои сайёҳӣ, рушди бахшҳои дахлдор, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, нақлиёт, хӯроки умумӣ, савдои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасониҳои фароғатӣ мусоидат мекунад.

Инчунин Марказ метавонад ҳамчун муҳаррики рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи сайёҳӣ хизмат намояд. Ҷалби ҳунармандон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти миллӣ, роҳбаладон ва ширкатҳои сайёҳӣ ба фаъолияти Марказ имконият фароҳам меорад, ки занҷираи арзиши сайёҳӣ (tourism value chain) тақвият ёфта, ҷойи нави кор таъсис дода шавад. Ин раванд ба болоравии сатҳи даромади аҳолӣ, рушди иқтисоди шаҳр ва зиёд гардидани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди фарҳангию сайёҳӣ тавассути Маркази байналмилалӣ метавонад рақобатпазирии Тоҷикистонро дар бозори минтақавӣ ва байналмилалии сайёҳӣ баланд бардорад. Тақвияти имиҷи кишвар ҳамчун макони ҷашнҳои куҳани тамаддунӣ ва ойинҳои сулҳпарвар боиси ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ, маърифатӣ ва эко-сайёҳӣ мегардад.

Хулоса, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамчун иқдоми стратегӣ ва ояндасоз дар пайвастагии фарҳанг, дипломатия ва иқтисоди сайёҳӣ метавонад ба яке аз абзорҳои калидии пешбурди бренди миллии Тоҷикистон табдил ёбад.

Аз нигоҳи сиёсати давлатӣ Маркази байналмилалии Наврӯз ба татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, густариши дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар пурра мутобиқ мебошад. Ин Марказ метавонад ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз байни сиёсати фарҳанг, сиёсати сайёҳӣ ва сиёсати хориҷии давлат амал намуда, татбиқи барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва стратегияҳои миллӣ дар самти фарҳанг ва сайёҳиро ба сатҳи амалии муассир барорад.

Дар доираи сиёсати давлатӣ фаъолияти мунтазами Марказ имконият фароҳам меорад, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ ба унсури доимии сиёсати муаррифии байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфта, ҳамчун воситаи пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ истифода шаванд. Ин раванд ба таҳкими имиҷи кишвар ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои тамаддуни қадима мусоидат намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар равандҳои фарҳангӣ ва сайёҳии минтақавию байналмилалӣ устувор месозад.

Ҳамзамон Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба майдони муассири татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат низ табдил ёбад, зеро рушди соҳаи сайёҳӣ тавассути ин Марказ ба таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодиву соҳибкорӣ, ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иқтисодии давлат метавонад ба таҳкими пояҳои рушди устувори Тоҷикистон, болоравии рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва татбиқи самараноки манфиатҳои миллӣ барои муддати дароз заминаи боэътимод фароҳам оварад.

Дилшоди ҶАМШЕД,
мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста