Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд

Март 18, 2026 11:39

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 март  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маҳфили фарҳангӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи фарҳанг ва Рӯзи зиёиёни эҷодкор, ки 20 март муқаррар шудааст, бахшида шуд. Дар он собиқадорони соҳаи фарҳангу санъат иштирок намуда, доир ба рушди фарҳанг ва натиҷаи заҳматҳои кормандони соҳаи фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки таҷрибаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои бунёдии миллиро аз таърих ва фарҳанги хеш бояд ҷуст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахуст ба фарҳанг такя намуда, имрӯз низ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, хизматҳои онҳо ҳамеша арҷгузориву қадрдонӣ мешаванд.

Дар ин замина бунёди муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ ва миллӣ гирифтани як силсила муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, Рӯзи фарҳанг эълон гардидани 20 март дар мамлакат гувоҳи талошу тасмимҳои созандаи Президенти Тоҷикистон мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2026 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид