Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид

Март 19, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Наврӯзнома: таърих, ҳикмат, анъана, фарҳанг ва ҷаҳонишавии Наврӯз» ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Асари мазкур ба баррасии ҳамаҷонибаи Наврӯз ҳамчун падидаи муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои пайдоиш ва пояҳои бостонии ин ҷашн, заминаҳои кайҳонӣ ва астрономии он, инчунин бозтоби Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон дар асар мақоми Наврӯз дар даврони истиқлол ва раванди ҷаҳонишавии он низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Муаллиф дар китоб Наврӯзро на танҳо ҳамчун иди баҳор, балки ҳамчун оинаи худшиносии миллӣ, рамзи эҳёи маънавӣ ва пайванди инсон бо табиат маънидод мекунад.

Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯёну магистрантон, кормандони соҳаи маорифу фарҳанг ва ҳамаи дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид