«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд

Март 18, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — «tojikfilm.tv» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки платформаи миллии синамоии «tojikfilm.tv» бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд.

Дар платформа филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба нархгузории ин платформа ва ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои муосири рақамӣ ва талаботи тамошобинон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ дӯстдорони синамои тоҷик метавонанд ҳама филмҳои миллиро тамошо намоянд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфт, ки ҳадафи асосии таъсиси платформа дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад. Таъсиси платформаи «tojikfilm.tv» ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Март 18, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид