Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Март 18, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 17 март дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» ҷараён дорад, ки то 22 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин намоишгоҳ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ва Вазорати фарҳанги мамлакат гӯшаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Дар   он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди китобҳои тозанашри олимону адибони Тоҷикистон аз муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осори классикону адибони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.

Инчунин дар  гӯшаи Тоҷикистон бахши  алоҳидаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, пешниҳод гардид.

Дар назар аст, ки намояндагони аҳли адаби Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар доираи намоишгоҳ иштирок намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки гӯшаи китобҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони мутолиаи  беларусӣ қарор гирифтааст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд