МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад

Декабрь 14, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Башаклдарории дарахтон аз охири  моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад. Яъне, он баъди ба давраи оромӣ рафтани дарахтон гузаронида мешавад. Боғпарварон ҳангоми 70‐80 фоиз рехтани барги дарахтон метавонанд ба буриш ва башаклдарории дарахтон оғоз намоянд. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи кишоварзӣ ба  боғпарварони мамлакат.

Буриши дарахтон дар ҳарорат аз 2 то 5 дараҷа хунукӣ манъ аст. Дар натиҷаи гузаронидани буриш дар ҳарорати аз 5 дараҷа хунукии зиёд навдаҳои дарахтон ях баста, дар вақти буриш навдаҳо кафида, осеб мебинанд. Ба онҳо ҳашароту тухм ва ҳуҷайраҳои касалиҳо дохил шуда, таъсири манфӣ мерасонанд, ки боиси касалшавӣ ва хушкшавии дарахтон мегарданд.

Ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки пеш аз оғози буриш ва башаклдарории дарахтон ба намуд ва шакли дарахт, фарқияти навдаҳои мевадиҳанда ва бемева аҳамият диҳанд. Инчунин истифодаи асбобу аёнияти махсуси боғҳо- теғи бурро (тез) ва баъд аз анҷоми кор бо маҳлули спирт тоза намудани асбобҳоро барои паҳн нагаштани касалиҳо тавсия дода мешавад. Ҳамасола дар вақти гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ ба танзими шоҳаҳои дарахтони мевадиҳанда,  равшанию нури Офтоб ва шамолгузар намудани байни шоҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро ин амал боиси дарозумрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар шудани сифат ва ҳаҷми мева шуда, инчунин дар натиҷаи дуруст гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ дар дарахтон касалӣ ва ҳашароти зараррасон кам мегардад.

Ба тавсияи боғпарварон, тарзи башаклдарории дарахтон хеле гуногун аст. Дар ҷумҳурии мо асосан шаклҳои муқаррарии тeдашоха, қабат ба қабат, косашаклу меҳваршакл ва палметта гузаронида мешаванд. Барои дарахтони боғҳои меваҳои донакдор шакли қабат ба қабату косашакл ва барои дарахтони мевадиҳандаи тухмдори интенсивӣ аз ҳисоби зич ҷойгиркунии ниҳолҳо меҳваршакл ва палметта тавсия дода мешавад.

Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ мебошад. Ин раванд ба беҳбудию нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити атроф мусоидат менамояд.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат буда, дар таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва омодасозии ҷойи нави кор саҳми намоён дорад. Он ба афзоиши иқтидори содиротии давлат барои таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, аз ҷумла бо мева мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?