МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд

Декабрь 21, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо ва дер шифо ёфтани захмҳо аз аломатҳои  ин беморӣ мебошанд. Чунин иброз дошт ба АМИТ «Ховар»   мудири кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  Зумратхон Бобохоҷаева.

Ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 8-10 дарсад афзоиш  меёбанд. Диабет — ин гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос аст. Ин бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Омили пайдоиши бемории қанд дар чист?

Баландшавии қанди хун дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа вайроншавии кори рагҳо ва торҳои асаб пеш меояд.

Сабабҳо ва омилҳои гирифторӣ ба ин беморӣ хеле зиёданд. Аз ҷумла, ирсӣ, яъне метавонад аз насл ба насл гузарад, аутоиммунӣ, мутатсияи гении ретсепторҳо ва худи инсулин, истифодаи баъзе дорувориҳо ва маводи химиявӣ, баъзе бемориҳои дигари ғадудӣ ва дигар сабабҳо.

Диабет ба таври васеъ ба намудҳои зерин тақсим мешавад: Якум диабети навъи 1: ин навъи бемории аутоиммунӣ мебошад. Системаи масуният ба ҳуҷайраҳои дохили ғадуди зери меъда, ки дар он инсулин тавлид мешавад, ҳамла мекунад ва нобуд месозад. Навъи дуюми беморӣ ҳангоми муқовимати бадан ба инсулин пайдо мешавад ва қанд дар хун ҷамъ мешавад. Навъи сеюм- ин диабети гестатсионӣ аст, ин ҳолатест, ки бо баландтар аз сатҳи шакар дар хун тавсиф мешавад, бори аввал дар давраи ҳомиладорӣ инкишоф меёбад ва пас аз таваллуд ҳал мешавад.

Бемори диабети қанд чӣ нишона дорад?

Нишонаҳои аввалини беморӣ дар шахсони ба беморӣ гирифторшуда хушк шудани даҳон, ташнагӣ — яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб ҳам бештар мешавад. Дар гурӯҳи бемороне, ки ба диабети қанди навъи 1-ум гирифтор шудаанд, инчунин камшавии иштиҳо ва баръакси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи 2- юм дошта баландшавии иштиҳо ба назар мерасад.

Барои пешгирии бемории диабети қанд чӣ бояд кард?

Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан, вазнро муътадил нигоҳ доштан, худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамоку аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд. Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд, вазни кӯдак давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии он дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва машғул шудан ба варзиши сабук, ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ мебошад.

Оё ин беморӣ табобатшаванда аст?

Бемории диабети қанд бемории табобатшаванда аст, вале пурра нест намешавад ва он табобати доимиро талаб мекунад. Бемории диабети қанд ба табобат ва назорати ҷиддӣ зарурат дорад.

Тибқи тавсияи мутахассисон амал намудан зарур аст. Шарти аввал- ин парҳез кардан мебошад. Беморон бояд  маводи дорувориро сари вақт истеъмол намоянд ва таҳти назорати доимии табибони эндокринолог, офталмолог, кардиолог ва нефролог бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд