ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад

Декабрь 3, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб шуда, ҳар инсон, новобаста аз зан ё мард будан бояд аз фурсатҳо ва заминаҳои муносиб ва кофӣ барои рушд, такмил ва расидан ба камолоти вуҷудӣ бархӯрдор бошад ва ҷинсияти ҳеҷ зану мард барои расидан ба ин мақсади воло монеъ шуда наметавонад.

— Дар саросари ҷаҳон занон дар тарбият ва саломатии руҳию равонӣ ва ҷисмонии фарзанд, ҳамсар ва ҷомеа нақши босазо доранд. Масоили баробарии гендерӣ дар ҳама ҷомеа ҳассос буда, чолишҳои зиёде ба бор овардааст. Масалан, дар давраи асрҳои миёна, дар рукуди фарҳангии Аврупо ба занон нигоҳи манфӣ вуҷуд дошт ва ҳеҷ арзиши ахлоқӣ ва инсониро барои онҳо қоил набуданд, то даме, ки дар давраи Ренессанс ва баъд аз он равиши нигоҳ ба занон тағйир ёфт ва онҳо ҳуқуқи инсонии худро ба даст оварданд, диққати ҷомеаи Ғарб ба фаъолияти занон тағйир ёфт ва омили пешрафти бузургеро, ки мо имрӯз дар ҷомеаи Ғарб мебинем, натиҷаи мақоми шоиста пайдо кардани зан дар ҷомеа мебошад. Таърих исбот кард, ки занон сутуни ҷомеа ҳастанд ва дар ҷомеае, ки зан манзалати сазовор надорад, он ҷомеа заиф шуда, фурӯ мепошад. Ба андешаи Наполеон Бонапарт: «Агар зан набуд, нобиғаҳои ҷаҳонро кӣ тарбият мекард?».

Дар замони муосир ҳанӯз дар қолабҳои фикрии мардон ҷинси зан як қувваи заифе аст, ки ҳар гоҳ метавонад дар афкор ва рафтор аз заифии хеш башорат диҳад. Ҳамин матлабро нависандаи америкоӣ Ҷон Грей дар китоби машҳури худ «Мардҳо аз Миррих, занон аз Зуҳра» (1992) ба таври возеҳ баён кард, ӯ бархӯрд ва кашмакаш байни зану мардро аз замоне медонад, ки он ду фарқу тафовутҳои худро фаромӯш кардаанд ва ӯ тақвияти қолабҳо ва нодида гирифтани таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба рафтори мардону занонро интиқод мекунад. Ӯ дар китоби хеш тафовути гендерии фундаменталиро дар тафаккур ва рафтор, ки ба стереотипҳои анъанавии гендерӣ мувофиқат мекунанд, тавсиф менамояд. Аз он ки рафтори инсон на танҳо аз ҷониби биологӣ, балки тавассути иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ташаккул меёбад, Грей ин ҷанбаи масъаларо дар асари хеш нодида мегирад. Манзур аз овардани ин мисол он аст, ки баробарии гендерӣ барои занони ҳам Ғарбу ҳам Шарқ осон ба даст наомадааст. Ин масоил мо, занонро водор мекунад, ки дар иттиҳоду ваҳдат ҳамеша аз ҳуқуқу озодиҳо ва дастовардҳое, ки дар ин соҳа соҳиб шудаем, ҳимоя намоем.

Мароми асосии давлати мо, ки тавсеаи пойдор ва рушди ҳамаҷониба мебошад, иштироки занонро дар бунёни ҷомеаи пешрафта хосса арзёбӣ намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаркуз ба мақому манзалати сазовору устувори занон дар хонавода ва дар ҷомеа тадбирҳои пайвастаро пешоҳангона ба роҳ монда, барои таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ кардааст. Манбаи асосии он таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

“Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”. Ин матлаб ва садҳо суханҳои нобу арзишмандро Пешвои миллат дар муносибат ба Рӯзи Модар ва дар сархати Паёми ҳарсолаашон мегӯянд, ки бо илҳомбахшӣ аз он ин мақола омода гардидааст.

Шону шуҳрати занони даврони соҳибистиқлолӣ худ ба худ ба даст наомадааст, яъне ба қавли Президенти Тоҷикистон, “занону модарон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд”. Ин манзалат дар асоси талошҳову тадбирҳо, санадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва идеяҳои мудернмеҳварии Роҳбари давлат дар замоне, ки дар Тоҷикистон андешаҳои таассубӣ ва ифротӣ нисбат ба занон садо медоданду ҳамовозии зиёди худро меёфтанд, яъне ҳанӯз вазъи мамлакат мутташаниҷ буд, бо ба тасвиб расидани фармону санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо асос ёфт ва занон, ки аз қишри осебпазири ҷомеа буданд, чун шаҳрвандони озоду комилҳуқуқ эътироф гаштанд ва эътибор пайдо намуданд. Маҳз ҳамон фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 сарчашмаи саодати занони тоҷик гардид, ки имрӯз 26-солагии онро таҷлил менамоем.

Дар ин замина Тоҷикистон санадҳои байналмилалие, ки арзишҳои миллии моро ҳимоя мекунанд, аз ҷумла “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ”, “Эъломия оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон” ва “Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак”-ро эътироф намуд. Дар робита ба ин санадҳо якчанд қонуну санадҳои миллӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд, ки дар бисёре аз қонунҳои маданӣ, ҷиноӣ ва ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли мо барои таҳаққуқи ҳуқуқи инсонии занон бознигариҳо карда, ислоҳоти зиёде анҷом дода шуд. Заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста ба мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар мамлакат дар сатҳи олӣ, дар қисми 2, моддаи 17 ва қисми 4, моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтааст. Мувофиқи он мардону занон баробарҳуқуқанд. Моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрвандро новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, маълумот, эътиқоди сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молиявӣ, инчунин баробарҳуқуқии мардону занон кафолат медиҳад. Дар радифи моддаи мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 баробарҳуқуқии мардону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид кард.

Ҳамчунин дар сатҳи миллӣ ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз 7 январи соли 2015, «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, ки ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳои занон ва мустаҳкамкунии муносибатҳои оилавӣ замина мегузоранд, ба занону духтарон имконияти мусоиди фаъолиятро фароҳам овард.

Дар банди 1 моддаи 11 “Конвенсия оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон” давлатҳои иштирокчӣ барои аз байн бурдани табъиз нисбат ба занон дар шуғл тамоми чораҳои заруриро меандешанд, то дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, масалан ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири ҳамаи одамон; имконияти якхела ҳангоми ба кор қабул намудан, аз ҷумла татбиқи меъёрҳои якхела ҳангоми интихоб ва ба кор қабул шудан; интихоби озоди касб ё навъи фаъолият; болоравии мансабӣ ва кафолати шуғл, инчунин истифодаи тамоми имтиёзҳо ва шароити кор; … ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла нигоҳдории вазифаи давом додани насл.

Моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробари шаҳрвандонро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи таъминоти иҷтимоӣ кафолат медиҳад.

Вобаста ба татбиқи гуфтаҳои боло иқтибосро аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 манзур медорам, ки алъон дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону занон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Воқеан, ин омор аз бахти ҳумоюнии занону духтарони тоҷик башорат медиҳад. Маҳз ин саодат аз истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фармони таърихии «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 -и Роҳбари муаззами давлат маншаъ мегирад. Агар ин рақамҳоро бо бурҳони қотеи замони шуравӣ қиёс кунем, боз ҳам хулоса хоҳем кард, ки ҷойгоҳи занону духтарони тоҷик дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ баланд аст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 Қарор «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардид. Тибқи он барои боз ҳам бориз гардонидани нақши занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.

Имрӯз яке бонуи номвари мо Озода Раҳмон дар мансаби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» сафири ин созмон интихоб гардидаанд. Ҳоло раёсати ду вазорати калидӣ ва як Кумитаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши се бону- Матлуба Амонзода, Солеҳа Холаҳмадзода ва Бунафша Файзиддинзода вогузор карда шудааст. Фаъолияти пурсамари муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ боиси намуна барои духтарону занон мебошад. Дар маҷмуъ, дар 34 соли Истиқлолияти давлатӣ шумораи вазирзанон 13 нафар шуда, аз шумораи вазирзанони 70 соли шуравӣ, ки дар Тоҷикистони замони собиқ ҳамагӣ 5 нафар занони тоҷик ба ҳайси вазир фаъолият намуда буданд, болотар аст.

Ҳамчунин дар мансаби муовинони Сарвазир 9 зан ва дар 7 даъвати Маҷлиси намояндагон 6 нафар занони тоҷик ба ҳайси муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда ва ҳоло кор менамоянд.

Сафи занони тоҷик дар Парламенти Тоҷикистон зиёд гардида, имрӯз нақши боризе дар пешрафти ҷомеа доранд. Дар айни замон 10 нафар зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 18 вакилзан дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.

Боиси ифтихори мост, ки имрӯз садҳо нафар занону духтарон дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона фаъолият мекунанд. Масалан, дар иншооти стратегӣ – Неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону духтарон кор мекунанд, аз ҷумла 40 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд, беш аз 260 нафар занон дар неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Бойғозӣ”, 1500 нафар занон дар корхонаи «Алюминийи тоҷик» кор мекунанд, ки аз ин рақам 150 нафар роҳбарони соҳаҳои гуногунанд.

Дар Тоҷикистон байни зану мард аз лиҳози қонунҳою муқаррарот ва ҳуқуқу вазифаҳо вазъияти ягонаи монанд ба вуҷуд оварда шудааст, вале бо баробари ин фарқи табиии зану мард ба инобат гирифта мешавад. Чун ба ҳеҷ далел занону духтарон ба корҳои шикананда фаро гирифта намешаванд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» қабул ва тасдиқ карда шуд.

Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон иброз медоранд, ки қабл аз ҳама, занону духтарони тоҷик бояд дар рисолати азалии хеш- тарбия намудани насли огоҳу донишманд ва ҳушёру закӣ содиқ ва устувор бошанд. Дар ин росто Ибни Сино муътақид буд, ки омӯзиши (таҳсилоти) модар бисёр густурда бошад, зеро ин омӯзиш пояҳои ҷаҳонбинии кӯдакро шакл медиҳад. Ӯ бар нақши махсуси модар дар шаклгирии шахсияти кӯдак таъкиди бисёр дошта, бо лутфу меҳрубонӣ парваридани кӯдакро “сармояи тарбият” номида буд.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Декабрь 3, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсоз Бахтиёр Мирзоев: «Кордҳои Истаравшан шакл, таносуб, нақш ва усули коркарди ба худ хос доранд»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ авҷи бештар мегиранд
ХӮРОКҲОИ ТОҶИКӢ БА ФАСЛҲОИ СОЛ МУВОФИҚАНД. Истеъмоли кадом таом дар фасли зимистон муфид аст?
ТАМОШОИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ БО ВОЛИДОН. Охирон маротиба кай бо фарзандатон ба мавзеъҳои таърихӣ рафтед?
РАҚАМИКУНОНӢ-ВОСИТАИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Андешаҳои оид ба имконият ва хавфҳои вобаста ба он
ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?