Муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
РӮДАКӢ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода иброз намуд, ки «Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои Тоҷикистон бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон фарқ мекунад. Ин дастовардҳо далели сиёсати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва устувории давлатдории миллӣ мебошанд. Тоҷикистон дар минтақа ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ шинохта шуда, дар он барои рушди минбаъда заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шудааст».
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯи болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон буда, ташаббусҳои кишвар дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, криосфера, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдом Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор, масъул ва дорои дидгоҳи глобалӣ муаррифӣ намуда, нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшанд. Дар маркази Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад. Таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир иқтисоди миллӣ бо суръати устувор рушд карда, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт, даромади аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ беҳтар шуданд.
Зимни мулоқот густариши корҳои ободонӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ










Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд






