НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли пур аз муваффақият ва муҳим гардида, бо иштироки фаъолонаи дастаи мунтахаби мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тавсеаи иқтидори варзишӣ, инчунин навсозии сохторҳои роҳбарии федератсия алоқаманд буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.
Яке аз дастовардҳои асосии соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ World Championship – 2025» буд. Дар ин чемпионат варзишгарони тоҷик сатҳи баланди омодагӣ ва рақобатпазирӣ намоиш доданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон соҳиби 40 медал гардид, ки 19 медали он тилло, 12 медал нуқра ва 9 медал биринҷӣ мебошад.
Ин мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ оварда, барои онҳо санҷиши ҷиддӣ дар самти омодагии ҷисмонӣ ва тактикӣ буд. Бо вуҷуди рақибони қавӣ ва сатҳи баланд варзишгарони тоҷик дар майдони рақобат эътимод ва бозии сатҳи баланд нишон дода, тавонистанд дар риштаҳои Gi ва No-Gi ғолибияти зиёд ба даст оранд.
Яке аз пешсафони даста Самир Ризоев дар риштаҳои Gi ва No-Gi ду маротиба чемпиони ҷаҳон шуд, Муҳаммад Боймуродов ва Билол Шодавлатов низ дар категорияҳои худ ғолиб омаданд. Абдулазиз Ҳамидов дар намуди варзишӣ Gi медали тилло ва дар No-Gi медали нуқра ба даст овард.
Инчунин Ашраф Саидализода чемпиони чаҳоркаратаи ҷаҳон оид ба ACBJJ гардида, мавқеи Тоҷикистонро дар ҷуи-ҷитсуи ҷаҳон боло бардошт.
Дар байни ҷоизадорони ҷойи дуюми ин мусобиқаи варзишӣ Довуд Ҷоншоев (55 кг), Абубакр Гадоев (60 кг), Шерзод Исломов (55 кг) ва Мустафо Ашурзода (50 кг) ҳастанд. Медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Наримонов (55 кг), Муҳаммад Акбаров (45 кг) ва Алишер Буйдоқов дар ду намуд — Gi ва No-Gi ба даст оварданд.



Пас аз анҷоми ин мусобиқаҳо мураббии дастаи Тоҷикистон Комил Боймуродов иброз дошт, ки натиҷаҳо нишони тавоноӣ ва устувории мактаби ҷуи-ҷитсуи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.
«Омодагии дуруст ва хуб барои расидан ба муваффақият дар мусобиқот хеле муҳим аст. Мусобиқаҳо барои варзишгарон чун манбаи муҳим барои ёдгирӣ ва такмил додани малакаҳо хизмат мекунанд», – таъкид намуд Комил Боймуродов.
Ёдовар мешавем, ки 17 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи ҷиу-ҷитсу»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни ҷаласа Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Иштирокчиён изҳори умед карданд, ки бо интихоби роҳбари нави федератсия дастгирии варзишгарон боз ҳам тақвият ёфта, намояндагони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Натиҷаҳои соли 2025 шаҳодат медиҳанд, ки мактаби ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон рушд намуда, мамлакатро метавонад дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






