Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд

Декабрь 4, 2025 18:00

 ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ» машварати илмӣ-фалсафӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.

Дар машварат зарурати баррасии паҳлуҳои фалсафии рушди зеҳни сунъӣ, таъсири он ба ҷомеа ва масъалаҳои ахлоқию методологии ин падидаи муосир таъкид гардид.

Коршиноси хориҷӣ Башир Азизӣ зимни маъруза паҳлуҳои назариявию амалии робитаи фалсафа бо технологияҳои зеҳни сунъиро шарҳ дод.

Гуфта шуд, ки фалсафа бо баррасии саволҳои аслии ҳувият, маърифат, озодӣ, ахлоқ ва масъулият метавонад чаҳорчӯби фаҳмӣ ва арзиширо барои истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ фароҳам оварад.

АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад