Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд

Декабрь 25, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабр бо фарогирии дастовардҳои даврони сиву чор соли соҳибистиқлолии мамлакат пешниҳод гардид, ки дурнамои рушди устувори минбаъдаро барои имсолу солҳои оянда муайян менамояд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Нуктаҳои таъкидшудаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва давлатдорӣ Паёми солона ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъйинот санади муҳимми давлатӣ ба ҳисоб рафта, аҳамияти махсуси давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад ва он барномаи стратегии рушди устувори мамлакат арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи татбиқи дурусти вазифагузориҳои бандҳои он ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ёдрас намудани муҳимтарин дастовардҳои соли 2025, бахусус интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалнашуда байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ, ҳамчунин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидаро, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд, оғоз гардид.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ ва асоснок мақсаду маром ва тарзи амалигардонии нақшаҳои кори ниҳодҳои давлатиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро дар байни онҳо ба миён гузоштанд.

Боиси сарфарозист, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва таҷрибаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусияти сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки роҳ ва василаҳои таъмини рушди рӯзафзуни ҷумҳурӣ баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ, бешубҳа, маҳсули хиради дурандешона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат аст.

Нуктаи муҳими дигар дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинишуда рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои минбаъда ҳадди ақалл бояд 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш ёбад.

Мавриди омӯзиш ва андеша қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзуъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурге, ки Пешвои муаззами миллат дар бораи онҳо ҳарф заданд, бешубҳа, метавонад сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро бакуллӣ тағйир диҳад ва обрӯи давлати моро дар арсаи минтақаю ҷаҳон боз ҳам баланд бардорад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин кам кардани ҳаҷми воридот буд.

Яъне чун ҳамеша меҳвари асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – давра ба давра боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум дониста шуд. Дар ин росто хотирнишон карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконияти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшида, дар ин раванд ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Зимни Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои калидии рушди минбаъдаи давлат муайян гардид. Таъкид шуд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва имконияти зеҳни сунъӣ тақозо менамояд, ки идоракунии давлатӣ, иқтисод, молия, энергетика ва хизматрасониҳо ба таври пурра ба низомҳои рақамӣ гузаранд ва таъсири омили инсонӣ коҳиш дода шавад.

Ҳамзамон рушди инфрасохтори интернет, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисоди рақамӣ ва ташкили марказҳои зеҳни сунъӣ ва «дата-сентрҳои сабз» заминаи воқеӣ барои гузариш ба иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, ки Тоҷикистонро ба мамлакати рақобатпазир дар шароити ҷаҳони муосир табдил медиҳад, фароҳам оварда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди стратегияи амнияти озуқаворӣ изҳор доштанд, ки сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Дар ин замина боз ҳам истифода намудан аз имконияти мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии рушди пахтакорӣ мавриди таъкиди хос қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин ба мамлакати транзитӣ табдил додани он 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025 дар асоси ин лоиҳаҳо ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар шароите, ки талаботи аҳолӣ сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, қонеъ кардани ин навъ талабот барномарезиҳои мушаххаси давлатиро тақозо менамояд. Хушбахтона, сохтмон, тармиму таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ боиси бо қувваи барқи ватанӣ таъмин гардидани аҳолии мамлакат гардидааст. Ҳамчунин дар масъалаи таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ мушкилӣ ҷой надорад. Аммо мушкили асосӣ талафоти неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад, ки он беш аз 3 миллиард киловаттро ташкил медиҳад. Ҷиҳати кам кардани шиддати ин талафот гузаштан ба низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии мамлакат айни муддао ҳисобида шуд.

Президенти мамлакат масъалаи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт дар ҳудуди ҷумҳурӣ оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд. Инчунин моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқию обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетикии мамлакат пурра таъмин карда хоҳад шуд.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи саноатикунонии мамлакат низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳими давлатӣ дониста шуд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дунбол кардани ҳадафи чаҳоруми стратегии давлат — саноатикунонӣ ба ҳадафи стратегии давлати миллӣ дар чанд соли охир табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба давлати саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳиммат тақозо мекунад.

Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки дар чанд соли охир дар самти сохтмони корхонаю иншооти саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтаанд, таҳрик  мебахшанд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати мамлакат дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,5 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87000 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуд. Суръати рушди соҳаи саноат соли 2025  22%-ро ташкил дод.

Сарвари давлат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бе илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифи давлат ва миллатанд, дар корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Аммо, мутаассифона, сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба он ишора фармуданд, ки раҳбарияти маорифи мамлакатро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар муассисаи таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Зикр гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба 10 соли қабл, яъне соли 2015-ум 5,5 баробар зиёд мебошад.

Бинобар ин, мебояд, ки аҳли маориф барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош варзанд, сатҳи донишу маҳорати хонандагон ва муҳассилинро баланд бардошта, онҳоро бо маърифати миллӣ, руҳияи созандагӣ ва ҷаҳонбинии муосир фаро гиранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаи сиёсати хориҷӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ «сиёсати дарҳои боз»- ро пеша намуда, бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи манфиатҳои миллии хеш муносибат менамояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҳлил ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд.

Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб мешуд, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро барои ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои ҳаётан муҳимми тараққиёти иқтисодии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии коршиносона қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дурнамои рушди давлатдории мо буда, дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян карда шудаанд.

Дар қисми хотимавии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки тамоми масъалаҳои гузошташуда танҳо бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан метавонанд амалӣ гарданд. Таъкид карда шуд, ки ҳар яки мо, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёти давлатӣ дар ин ҷода масъул ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаю содиқона хизмат намоем. Ватандӯсту ватанпараст бошем ва мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро сармашқи кор қарор диҳем. Илова бар ин ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, махсусан сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ҳисобида, ҳамчун рисолати имонии ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст қарор диҳем. Ҳар нафари мо бояд донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлатамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва як мулки ободро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Барои ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҳар фарди мамлакат бояд якҷо ва ҳадафмандона бо руҳияи баланди миллӣ кӯшишу талош намояд. Ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва маърифату фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои ҳамгироии ҷомеа ва ташаккули ҳисси масъулият нисбат ба ояндаи Ватан нақши муҳим мебозад. Ин руҳияи ватандӯстӣ барои ҳар шаҳрванд заминаи рушд ва созандагии устувор фароҳам меорад.

Ба доштани фарҳанг ва тамаддуни бостонӣ моро мебояд ҳушёру эҳтиёткор бошем ва аз таассубу ифротгароӣ, инчунин тақлид ба фарҳангҳои бегона ва хатарбор дурӣ ҷӯем.

Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон кардани соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки барномаҳо ва ташаббусҳои созандагӣ дар тамоми соҳаҳо амалӣ гарданд. Ин иқдом мардуми заҳматкашро ба саҳми фаъолона дар рушду тараққиёти мамлакат ташвиқ намуда, иродаи қавии шаҳрвандонро дар таҳкими Ватан ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам менамояд.

Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи гелогия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?