Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста

Декабрь 18, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ба тамоми қишрҳои ҷомеа, таъмини ҳаёти осоишта ва ҳадафҳои созандаи мардуми шарафманди мамлакат равона карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва бахусус нишондодҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, илму маориф ва дигар масъалаҳоеро, ки ба рушди давлат дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 нигаронида шуда буданд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Сарвари давлат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки маҳз пойдории ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва бахусус соли 2025 дар бахши сиёсат, иқтисоду саноат, фарҳанг, иҷтимоиёт, илму маориф, сохтмону меъморӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шаҳрвандон дар фазои суботу амният саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талоши созандаро ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан анҷом диҳанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки соли 2025 соли таърхӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар асоси талошҳои сулҳҷӯёна мо тавонистем масъалаи ҳалнашудаи баҳсиро байни ду давлат-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян намудани хати сарҳади давлатӣ пурра ҳал намоем. Дар доираи ин дастоварди дипломатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ”, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, муваффақияти дигари ин сол ба шумор меравад. Он барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозад.

Таъкид гардид, ки баргузории интихоботи парлумонӣ ва интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани Конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти Тоҷикстон- шаҳри Душанбе, инчунин қабулу пазироии ташаббусҳои навбатии ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ифтихоромезанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо ба он ноил гардидем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардид, ки беҳтаргардонии ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон аз мақсадҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Давоми даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди давлат, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдоми муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Талошҳои пурсамар имкон доданд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт ва камбизоатӣ 19 фоиз коҳиш дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Мапҷдиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ояндаи давлати мо аз рушди илму маориф, тарбияи ҷавонон ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо вобаста мебошад. Маҳз рӯ овардан ба илму техника ва техналогияи замони муосир имкон медиҳад, ки мамлакати мо мисли дигар кишварҳои мутараққӣ рушду пешрафт намояд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати худро ба ин самт равона намудааст ва ба ҷавонони соҳибистеъдод ниёз дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки бар зидди хурофоту ҷаҳолат ва бегонапарастӣ мубориза барем ва тақлиди кӯркӯронаро пешгирӣ намоем.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “бо мақсади шинохти тамаддуну фарҳанг, таърихи бою рангини халқи тоҷик ва пешгирии хурофоту бегонапарастӣ мо дар аввал Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ, китоби “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро нашр намуда, ройгон ба аҳолии мамлакат тақдим намудем, то шаҳрвандон хонанд ва ҳамчун шахсони бомаърифат бар зидди ҳама гуна хурофоту бегонапарастӣ мубориза баранд”.

Таъкид карда шуд, ки халқи тоҷик соҳиби тамаддуну фарҳанги ғанӣ буда, ҳамчун меъмору шаҳрсоз, бунёдкору созанда дар таърих шинохта шудааст ва бо ҳамин асолати бузурги таърихию фарҳангӣ, ҷашнҳои мондагори Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва дигар анаъанаҳои наҷибу созандаи хеш то ба имрӯз омада расидааст. Имрӯз ин ҳама арзишҳои волоро ҷаҳониён эътироф намудаанд. Бинобар ин, бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханронӣ зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имконияти азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаю ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад».

Бо садоқат ба мардуми шарифи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаю сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Зеро ин қарзи миллию имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост».

Абдуғаффор ЮСУФЗОДА,
корманди Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саҳифаи нави рушди арзишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид