Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола баъди натиҷагирии дастовардҳои сол ва дар арафаи соли нави мелодӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда мешавад. Рамзист, ки ин санади муҳим ба намояндагони мардумӣ пешниҳод шуда, дар симои онҳо ба ҳар шаҳрванди мамлакат муроҷиат карда мешавад. Паёми солона инъикоси принсипҳои демократии идораи мамлакат ва яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад. Дар заминаи он Президенти ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти тамоми сохторҳои давлату ҳукумат, дастовардҳо ва иҷрои нақшаҳои муайяншуда иттилоъ дода, барои рушди минбаъдаи мамлакат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаю нақшаҳои нав мегузоранд.
— Аз ҷониби дигар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардуми мамлакат, тантанаи давлатдории миллӣ ва татбиқи орзуву ормонҳои таърихии мардум мебошад. Сухани Пешво ба ҳар шаҳрванд ҳидоят ба роҳи нек, роҳнамоӣ ба ояндаи созанда, таъкиди ваҳдат ва дарёфти мақоми хоссаи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои расидан ба рушди устувор ва касби обрӯю нуфуз дар ҷаҳон масоили муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ таҳлил гардида, самтҳои асосӣ ва авлавияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян карда мешаванд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони мамлакат ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираю имкониятамонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».
Ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои гуфташуда равона мегардад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли равон масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар гирифта, дар он дурнамои идораи соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ва татбиқи афзалияти фаъолияти байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Соли 2025 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он- хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон соли бобарор гардид.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.
Вобаста ба сатҳи рушди иқтисоди мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт”.
Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъмини амният дар қиболи хатару таҳдидҳои муосир иброз доштанд, ки “сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи мамлакат таъмин намоянд”.
Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамият дода, иброз намуданд, ки “ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан дар шароити номусоиди обу ҳавои соли равон, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карда истодаанд”.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ рушди сармояи инсониро ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ таъкид намуданд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Таҳлили паёмҳои Пешвои миллат аз устуворӣ дар авлавияти рушди мамлакат шаҳодат медиҳад, ки татбиқи онҳо заминаи рушди устувори Тоҷикистон хоҳад гашт. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имконият истифода карда истодаем».
Дар беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагию фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаю барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Зиёда аз он, дар масъалаи занон иброз гардид, ки «мо нақши занону духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани занону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Имрӯз бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар ҳама соҳаҳои муҳимми давлат, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва ҳатто дар сохторҳои қудратӣ сарбаландона фаъолият доранд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ аз сиёсати «дарҳои кушод»-и Тоҷикистон инъикос гашта, авлавияти асосии он минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва кишварҳои ҷаҳони ислом равона гардидааст. Сарвари давлат иброз намуданд, ки “зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”.
Дар самти сиёсати хориҷӣ бо шарофати сиёсати ташаббускоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Аз ҷумла:
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ;
Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ;
Мизбонии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
Қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ»;
Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»;
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж;
Пазируфтани иқдоми Тоҷикистон тавассути қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ».
Пазируфтани ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байнамилалӣ ҳамчун субъекти ташаббускор эътироф гардидаю бо Пешвои миллати мо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муносибат менамоянд. Чунки ҳамаи ин ташаббусҳо на танҳо ба беҳбуди зиндагии мардуми Тоҷикистон, балки ба тамоми аҳли сайёра равона гардидаанд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар шаҳрванд нуқтаи баландтарини ҳидоят буда, роҳнамо ва ҳавасмандкунандаи ҷавонон мебошад. Зеро бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистон ба давлати обод ва пешрафта табдил хоҳад ёфт.
Сайҳомид ҶАЪФАРЗОДА,
декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуд






