ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМО БА СӮЙИ ФАРДО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Декабрь 24, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимию пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.

— Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басе муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо ҳуҷҷати сиёсиву стратегӣ, балки омили асосиест, ки самтҳои рушди давлату ҷомеаро барои соли оянда муайян месозад. Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии омӯзгорон ва тақвияти инфрасохтори таълимӣ ва рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир мегардад.

Соҳаи маориф ҳамчун афзалияти давлатӣ арзёбӣ гардид. Барои соли 2026 ба соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо мешавад, ки нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд аст. Аз 1 сентябри 2026 маоши омӯзгорон ва кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда мешавад. Супориш дода шуд, ки низоми маблағгузории муассисаҳои таълимӣ бозбинӣ шавад ва гузариш ба низоми сарикасӣ (фармоиши давлатӣ) анҷом дода шавад. Идомаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) таъкид гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсил, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «маориф ояндасози миллат аст ва рушди он мустақиман ба пешрафти тамоми соҳаҳо вобаста аст».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Яке аз дастовардҳои муҳим рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф маҳсуб мешавад, ки дар шароити муосири ҷаҳонӣ ба унвони яке аз самтҳои афзалиятноки таълими миллӣ эътироф гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои рақамисозии соҳаи маориф, махсусан пас аз эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо такя ба сиёсати давлатӣ, барномаҳои миллии рушди иқтисоди рақамӣ ва дастгирии инфрасохтори таълимӣ ба марҳалаи сифатан нав ворид гардид.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040»-ро таҳия намояд. Ҳадаф – таъмини интернети баландсуръат барои тамоми аҳолӣ, таҷдиди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ. Парлумон вазифадор шуд, ки заминаи ҳуқуқиро барои истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир фароҳам оварад. Ин чораҳо барои рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир муҳиманд. Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.

Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Инчунин ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Масъалаҳои марказии Паём ба Маҷлиси Олиро соҳаи фарҳанг ташкил дода, дар ин замина Президенти Тоҷикистон аз иқдоми Ҳукумати мамлакат дар ин самт хотиррасон шуданд. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ, хосса театри миллӣ дар шаҳри Душанбе, ба нашр расидани 900 номгӯй адабиёти бадеӣ ва бачагона, чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 200 ҳазор нусха мебошанд.

«Соли равон бо саъю талошҳои ҷумҳурии мо қабул шудани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва дигар арзишҳо мавқеи тамаддунии тоҷиконро дар ҷаҳон боз ҳам устувор намуданд»,-таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллат ва муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ минбаъд низ ба мақомҳои дахлдори соҳа супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки барои ворид намудани онҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, аз саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, хоса илми мусиқӣ ва кӯшишҳо ба харҷ додани ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ хотиррасон шуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз хизматҳои таърихии ниёгони тоҷикон — ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз фалсафаи Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон бо далелҳои асоснокшудаи илмӣ сухан гуфтанд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ин ҷашнҳо асоси худшиносии миллӣ ва ҳувияти таърихии моро таҷассум менамоянд.

Яъне, ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ҷашнҳои муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар ин замина баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар сокини мамлакат вазифаи муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳо, ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ аҳамияти зиёд дорад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар панҷ соли оянда дар ҷумҳурӣ бояд 1.4 миллион ҷойи кор эҷод гардад, то масъалаи иштироки ҷавонон дар иқтисод ҳал карда шавад.

Таъкиди Пешвои миллат ба он равона гардидааст, ки «ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асос ёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даҳ соли охир ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расид. Афзоиши миёнаи солонаи иқтисод 7,6 фоиз буд, ки нишондиҳандаи баланд дар минтақа мебошад. Даромади буҷети давлатӣ дар панҷ соли охир 65 фоиз зиёд шуда, ба 50 миллиард сомонӣ расидааст. Даромади пулии аҳолӣ аз соли 2015 то имрӯз беш аз 6 баробар афзоиш ёфтааст. Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, умри миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 77 сол баромадааст. Аҳолӣ аз 8,5 миллион то 10,7 миллион нафар зиёд шудааст.

Яке аз нуктаҳои муҳими ин санад ба соҳаи энергетика бахшида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимистони имсоларо «охирин зимистони душвор» номиданд. Бо ба кор даромадани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мерасад ва лимитҳо барои барқ комилан бардошта мешаванд. Ин лоиҳаи аср на танҳо масъалаи энергетикаро ҳал мекунад, балки Тоҷикистонро ба сегонаи давлатҳои тавлидкунандаи энергияи «сабз» дар ҷаҳон дохил менамояд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки рушди энергетикаи навтаъсис ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда афзалияти миллӣ мебошад.

Ҳарфҳои саодатбори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳар баромадашон садо медиҳанд, чунинанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар ҷумҳурӣ якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем».

Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.

Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.

Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.

Ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд.

Бояд гуфт, ки соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳу раҳнамоии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши калидии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти захираҳои ғании табиӣ, иқтидори баланди илмӣ ва сиёсати самараноки давлат, Тоҷикистон метавонад дар оянда ҳамчун яке аз марказҳои муҳими геологии минтақа ва ҷаҳон мавқеи хосса пайдо намояд.

Мо бояд ҳар нуктаи дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои саноат ва геология, инчунин омӯзиши дақиқи конҳои канданиҳои фоиданок пайваста талош намоем.

Воқеан ҳам саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойи нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи аҳолӣ мебошад.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон роҳнамои стратегӣ арзёбӣ намуд ва онро ҳамчун роҳнамои рушди босуръати ҷумҳурӣ, зиндагии осоиштаву босаодат истифода бурда, дастури ватансозӣ донист.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро тақозо менамояд.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини шароити арзанда – мавзуи меҳварӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон