Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 25, 2025 12:25

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд.

Тибқи маълумот, корҳои сохтмонии хобгоҳ аз соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад ва барои 460 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар иншоот барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла утоқҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолиа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хобгоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ, сатҳи таҷҳизот ва омодагии иншоот баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсилу зиндагӣ барои ҷавонон таваҷҷуҳи хос медиҳад.

Ҳамзамон, Сарвари давлат бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисос онҳоро ба омӯзиши амиқи илму технологияи муосир, риояи интизом, пайваста такмил додани малакаи касбӣ ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.

Роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, хобгоҳи навро туҳфаи арзанда ва заминаи мусоид барои таҳсилу зиндагии ҷавонон арзёбӣ карданд.

Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб хоҳад буд, санги асос гузошта шуд.
Ба истифода додани бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муаррифии лоиҳаи бунёди бинои нави хобгоҳи 7-ошёна 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон