Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол Масами Ииҷима мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро василаи муҳимми густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо номиданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодир, мавқеи географии муносиб ва иқтидори зиёди инсонӣ мебошад. Дар ин зимн гуфта шуд, ки ин имкониятҳо кишвари моро ба макони ояндадори ташаккули занҷираҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ табдил медиҳанд.
Ба истифодаи имкониятҳои роҳандозии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи саноати нассоҷӣ, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз Ассотсиатсия даъват карда шуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ, офтобиву бодӣ ва муосиргардонии иншооти мавҷудаи энергетикӣ, ҳамчунин, ва таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намоянд.
Парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷот, ангур, лӯбиёгиҳо ва растаниҳои шифобахш, самтҳои қобили таваҷҷуҳ дониста шуд.
Ҳамчунин, шароити мусоиди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми минералӣ ва захираҳои энергетикӣ муаррифӣ гардид.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






