Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.
Тибқи гузориши масъулин, давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.








Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






