РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии рассомон муқаррар гардидааст. Ин сана соли 2007 аз ҷониби Анҷумани байналмилалии «Санъати халқҳои ҷаҳон» муайян карда шуд.
Санъати рассомӣ дар Тоҷикистон таърихи амиқ дорад. Ҳатто дар давраҳои қадим ё дар замонҳои нисбатан аввали тамаддун инсонҳо бо рангҳо ва абзорҳои дастӣ, гоҳ бо ангуштон, гоҳ бо пораҳои чӯб ё воситаҳои дигар тасвирҳои одии ҳайвонот, саҳнаҳои шикор, ҳаёти рӯзмарра ва муҳити атрофро дар девор ё санг кандакорӣ ва наққошӣ мекарданд. Ин шаклҳои аввалини ҳунар асоси расм ва наққоширо дар қаламрави сарзамини тоҷикон гузоштаанд.
Яке аз намунаҳои нотакрор ва таърихии ин санъат деворнигораҳои Панҷакенти қадим ҳастанд, ки тибқи ривоятҳо дар асрҳои V–VIII милодӣ офарида шудаанд. Ин намунаҳои нодир саҳнаҳо аз ҳаёти рӯзмарра, ҷашнҳо, шикор, маросими динӣ ва иҷтимоӣ буда, нишон медиҳанд, ки дар он замон санъати тасвирӣ ҳамчун қисми табиӣ ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавҷуд буд. Тасвири либос, ҳунар, набардҳои ҷангӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ дар ин намунаҳои рассомӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки халқи тоҷик аз азал ба санъати тасвирӣ таваҷҷуҳ дошта, соҳиби фарҳангу тамаддун будааст. Пас, метавон гуфт, ки сарчашмаи пайдоиш ва ташаккули ҳунари рассомӣ дар Тоҷикистон хеле қадим буда, ҳазорон сол пеш ба вуҷуд омадааст.
Бо ворид шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ санъати рассомӣ дар Тоҷикистон шакли касбӣ гирифт. Дар ин давра таъсис ёфтани муассисаҳои таълимӣ, омӯзишгоҳҳои касбии рассомӣ (Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов), осорхонаҳо ва ҷамъоварию ҳифзи асарҳои рассомон ба равнақи санъати тасвирӣ мусоидат намуд.
Яке аз дастовардҳои муҳими ин давра таъсиси аввалин осорхонаи санъати тасвирӣ дар Душанбе мебошад. 5 майи соли 1947 дар шаҳри Душанбе Осорхонаи санъати тасвирӣ таъсис ёфт, ки он соли 1959 бо Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ муттаҳид шуда, 27 ноябри соли 1999 ба он мақоми осорхонаи миллӣ дода шуд. Мақсад аз ташкили Осорхонаи санъати тасвирӣ ҷамъоварӣ, ҳифз ва пешкаши умум намудани асарҳои мусаввирони Тоҷикистон буд. Бинобар ин, дар ин давра шумораи рассомони касбӣ бештар гардида, мусаввирони Тоҷикистон дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ асарҳо офаридаанд, ки бештари онҳо имрӯз дар хазинаи Осорхонаи миллӣ маҳфузанд. Ҳамин тавр, даврони собиқ барои санъати рассомӣ дар Тоҷикистон давраи ташаккул ва омӯзиш, таъмини шароит ва ҷомеишавии ҳунар буд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон заминаи ба роҳ мондани ташаббусҳо барои рушди санъати тасвирӣ фароҳам гардид. Яке аз тадбирҳои шоистаи замони соҳибистиқлолӣ дар ин самт ташкили муассисаи тахассусии таълимӣ — Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфт.
Донишкада имрӯз дар ҳайати факултетҳои тахассусӣ кафедраҳо, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ дорад ва насли нави санъаткоронро дар ин самт тарбия мекунад. Ба онҳо рассомони маъруфи ҷумҳурӣ Сабзалӣ Муродзода, Олим Камолзода, Акмал Миршакар, Бахтиёр Одиназода, Мизроб Холов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи санъату ҳунар нозукиҳои ин пешаро меомӯзонанд.
Имрӯз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои рассомӣ, галереяҳо, озмунҳои касбӣ ва дигар тадбирҳои шоиста барои дарёфт, тарғиб ва дастгирии эҷодкорони ин самт ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» номинатсияҳои «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» таъсис шудаанд, ки тавассути ин сабқати бонуфуз рассомону тарроҳони муваффақро дарёфту қадрдонӣ мекунанд.
Сироҷиддин ҶУРАХОНЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






