Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
РАШТ, 26.12.2025 /АМИТ«Ховар»/. 25 декабр дар ноҳияи Рашт вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сокинон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан намуд. Ҳамзамон ба сокинон муҳтавои нуктаҳои асосии ин санади муҳимро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, аз ин рӯ волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистон боз ҳам бештар саҳм гузоранд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт доир ба таҳким бахшидани кори таълиму тарбия, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи дуруст ва сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид






