САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад

Декабрь 8, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳақиқат, вақте сухан дар бораи Ватану ватандӯстӣ меравад, пеш аз ҳама, симои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Зеро Роҳбари давлат замоне пойдевори ин ҳизбро тарҳрезӣ намуданд, ки мардуми мамлакат дигар ба ягон ҳизбу ҳаракати дар мамлакат амалкунанда эътимод надоштанд.

Маҳз ҷоннисорию ҷонфидоиҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳудуд ва мавқеи худро пайдо намуда, миллату давлат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.

Пайвастагии зич ва пайвандии ногусаста доштани ин ҳизби пешбар ва созанда бо халқ ва ифодакунандаи орзуву ормонҳои мардуми азияткашидаи тоҷик будан дар меҳвари асосии фаъолияти ҳизби мо боварию садоқат, соҳибиродагиву сабурӣ ва эътимоди халқи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки “мардуми шарафманди мамлакат ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускориҳое қарор дорад, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, вусъати созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд”.

Имрӯзҳо ҳар аъзои ин ҳизб- ҳамсафони мо бо ифтихормандӣ гуфта метавонанд, ки давоми 31 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  рисолати хешро тавонист дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонида, боз ҳам бо неруи тавоною бунёдкор ва созандаву саодатофар гомҳои устувор гузорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми ҳизби пешсафро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароити тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо дошт, ба даст овардааст.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки Раиси муаззами ҳизбамон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсоз масъулияти бузургро бар дӯш гирифтанд.  Мо бо гузашти се даҳсола бо итминони комил иброз медорем, ки  воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” дар бунёди давлати миллӣ кори садсоларо анҷом дода тавонист. Дар саргаҳи ҳама дастоварду муваффақият маҳз Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳизби мо ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар вусъати бештари раванди ислоҳот дар мамлакат ва пешрафту устувории иқтисоди миллӣ саҳми бориз дорад.

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол басе назаррас буда, мамлакати мо дар равандҳои ҷаҳонии вобаста ба ҳалли масоили минтақавию байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ иштироки фаъолона дорад.

Муносибати дуҷонибаю ҳасанаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо якчанд ҳизби бонуфузи давлатҳои ҷаҳон ҳамкории мутақобили судманд рӯйи кор овардааст.

Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои татбиқи ҳадафу барномаҳои ин ҳизби созанда дар байни шаҳрвандони тоҷикистонии муқими ин кишвари дӯст ва хосатан, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бо баргузории маҷлису вохӯриҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бо чунин ният дар назди Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия соли 2016 Ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод” таъсис дода шуд.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, новобаста аз он ки дар хориҷи мамлакат қарор доранду фаъолият менамоянд, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд.

Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкорона ва созандаи Роҳбари давлат, ки ба рушди ҳамаҷониба ва пешрафти мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст, пайваста кор мебарад.

Ҳамасола нуктаҳои асосии паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар аксари шаҳрҳои ин мамлакати паҳновар дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ шарҳу тавзеҳ дода мешаванд.

Ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ барои инъикоси дастовардҳои беназири Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бахши муҳимми фаъолияти мо маҳсуб мешавад.

Мисоли возеҳу равшани ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи ноябри соли равон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ бо муовини якуми Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Руссия — Котиби Шурои генералии Ҳизби “Единая Россия” Владимир Якушев мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҳамкории мутақобили судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумирусиягии “Единая Россия” дар доираи Созишномае, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия амал мекард, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз раванди ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, бо назардошти бахшҳои нави ҳамкорӣ барои имзои санади нав ибрози омодагӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Протокол аз лаҳзаи имзо ҳукми қонунӣ гирифта, давраи солҳои 2026-2028 — ро дар бар мегирад.

Дар санади нави ҳамкорӣ дар баробари машваратҳои сиёсии байниҳизбӣ ва иштирок дар форуму конфронсҳои ҳамдигарӣ фаъолнокии ҳамкорӣ байни ташкилоти ҳизбии ҷавонон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.

Дар доираи ин сафар муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода дар шаҳри Сочи бо ҳамватанонамон, ки дар ин шаҳр фаъолияти пурсамар доранд, вохӯрии судманд анҷом дод.

Давоми 31 сол бардошту хотираҳои мусбат аз фаъолияти ин ҳизб бешуморанд. Як мисол меорам: ман ҳамчун вакили Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 18 декабри соли 2024 доир гардид, суханони ҳикматбори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дар хотир дорам: “Бо вуҷуди вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаб ва ноороми сиёсӣ мо масъалаи созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳанӯз моҳҳои апрел-майи соли 1993 оғоз намудем.  Дар ҳамон рӯзҳо барои мо таъсис додани ҳизбе зарур буд, ки мардуми парокандашудаи тоҷикро сарҷамъ созад, табақаҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси як идеяи миллӣ муттаҳид намояд, ба равандҳои сиёсии мамлакат таъсиргузор ва дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нақши пешбаранда дошта бошад”.

Хушбахтона, ҳама суханони Роҳбари ҳизбамон ҷомаи амал пӯшида, мардуми ноумедгашта ба рӯшноӣ ва саодат расид. Аз ин рӯ, мо зимни ҳар вохӯрию суҳбати Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дигар намояндагиҳо бо ҳамватанону ҳамсафонамон ҳифзи арзишҳои сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ ва таърихиву фарҳангиамонро ба мисли дастури мукаммал дар фаъолияти ҳаррӯза қабул кардем. Зеро имрӯзҳо дар хориҷи мамлакат  ҳам ҳар ҳарфи Раиси муаззами ҳизби мо ба муҳаррик ва таконбахши бузурге табдил ёфтааст. На танҳо ҳамватанони мо, балки, бемуҳобот, тамоми оламиён имрӯз бо ибораҳои “Тоҷикистон, ба пеш!” ва “Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!” шинос ҳастанд.

Истиқлолият ва озодӣ, воқеан ҳам, дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд ва сароғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардиданд.

Ба қадри ин неъмати бебаҳо — яъне Ватани соҳибистиқлол расидан аз ҳар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  масъулияти бузург тақозо менамояд.

10 декабр ҳамчун рӯзи сабз дар тақвими зиндагиномаи мо нақши муассир дорад.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун чароғафрӯзи роҳи дурахшони фардои халқ боқӣ мемонад.

Бо сарбаландӣ ва итминони комил иброз медорем, ки ҳамсафони мо дар хориҷи мамлакат солҳои баъдӣ низ фаъолияти худро ба татбиқи идеяҳои созандаву бунёдкори ҳизб, ки ҷузъи таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, равона намуда,  асолату рисолати худро дар фаъолияти минбаъда содиқона анҷом медиҳанд.

Саидбек МИРЗОМУДДИНОВ,
роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Декабрь 8, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид