Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 500 миллион киловатт-соат кам шудааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабр баёни назар намуданд.
Ба иттилои Сарвари давлат, дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.
Пешвои миллат мисол оварданд, ки дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард.
Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ мусоидат мекунад, балки дар самти баланд бардоштани самаранокии энергетикии мамлакат низ қадами муҳим мебошад. Бисёр одатҳои одии рӯзмарра имкон медиҳанд, ки истеъмоли неруи барқ бе даст кашидан аз шароити роҳат ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолӣ тавсияҳои амалӣ овардааст, ки бар асоси принсипҳои техникии кори асбобҳои рӯзгор таҳия ва ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.
- Мошинаи ҷомашӯӣ: ҳарорати паст ва пурборкунӣ
Мошинаҳои ҷомашӯии муосир дар ҳарорати 30-40°C самаранок кор мекунанд, аз ин рӯ ҳарорати баланд ҳамеша зарур нест.
Аз реҷаи шустушӯи тез истифода баред ва танҳо ҳангоми пур шудани барабан фаъол намоед, ин истеъмоли неруи барқу обро кам ва муҳлати истифодаи дастгоҳи шуморо дароз мекунад.
Ҷудо кардани либосҳо аз рӯи навъи матоъ ва ифлосӣ зарурати шустани такрориро ба миён намеорад.
- Яхдон: истифодаи дуруст ба хотири сарфаи неруи барқ
Яхдон асбобест, ки дар хона неруи барқро бештар талаб мекунад. Аз ин хотир, барои кори самараноки яхдон:
- онро дар ҷои нисбатан салқин ва дур аз девор гузоред;
- дари онро вақти зиёд кушода намонед;
- яхдонро на кам аз 2/3 ҳисса пур нигоҳ доред, зеро массаи хунукӣ ҳароратро муътадил нигоҳ медорад;
- хӯрок ва моеъҳоро пӯшонед, то намӣ кам шавад;
- конденсаторро мунтазам аз чанг тоза кунед, махсусан дар ҷойҳои чанголуд;
— ҳеҷ гоҳ хӯрокҳои гармро дар яхдон нагузоред, зеро компрессор бештар кор мекунад.
- Обгармкунак: роҳат бе хароҷоти иловагӣ
Танзими дурусти ҳарорати обгармкунак яке аз роҳҳои муҳими коҳиши истеъмоли неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи оби гарм мебошад. Ҳарорати муфид барои ошхона – 45°C ва барои ҳаммом – 55°C. Ин дараҷа барои истифодаи ҳаррӯзаи хонаводагӣ кофӣ буда, хароҷоти беҳудаи неруи барқ ва оби хунукро пешгирӣ менамояд.
Вақте ки шумо ба муддати тӯлонӣ берун меравед, обгармкунакро хомӯш кунед ва барои шустани лавозимоти ғайрихӯрокворӣ метавонед аз оби хунук истифода баред.
- Таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ: нигоҳ доштани гармӣ бо энергияи камтар
Барои кам кардани истеъмол:
— тиреза ва дарҳоро хуб маҳкам кунед;
— ҳароратро дар сатҳи 21-22°С нигоҳ доред;
— ҳангоми холӣ будани ҳуҷра гармкунакро хомӯш намоед.
— ҳар як дараҷаи изофӣ истеъмоли неруи барқро то 5-7% зиёд мекунад.
- Кондитсионер: реҷаҳои дуруст ва филтри тоза
Самаранокии кори кондитсионер аз гармигузаронии ҳуҷра вобастагии зиёд дорад. Агар дару тирезаҳо ҳангоми кори кондитсионер кушода бошанд, ҳавои сард зуд аз хона хориҷ мешавад ва дастгоҳ маҷбур мешавад, ки бо қувваи бештар кор кунад. Ин амал то 40% зиёда барқ сарф мекунад.
Ҳарорати тавсиявӣ – 28-30°С.
Ба тавсияи мутахассисон, филтрҳои ифлосшуда боиси паст шудани гардиши ҳаво ва зиёд шудани кори компрессор мешаванд. Ба ҳисоби миёна, як филтри тоза то 15% неруи барқро сарфа мекунад. Аз ин рӯ, онро дар ҳар ду ҳафта як маротиба тафтиш ва тоза намоед.
- Пухтупаз: истифодаи дурусти таҷҳизот – сарфаи бештар
Чанд қоидаи асосӣ:
-қутри дегҳо бояд ба андозаи доираи гармкунак мувофиқат кунад ин талафоти гармиро кам мекунад;
-печҳои барқӣ гармиро нигоҳ медоранд – онҳоро каме пештар хомӯш кунед;
-печҳои индуксионӣ самараноктарин мебошанд;
-печи микроволновка ҳангоми гармкунӣ неруи барқи хеле камтар сарф мекунад;
-пеш аз гузоштани зарф печро фаъол накунед ва пас аз анҷоми пухтупаз онро дар ҳолати холӣ фаъол нагузоред.
- Равшанӣ: фақат дар ҷое, ки воқеан зарур аст, истифода намоед.
Бо чораҳои одӣ метавон то 50% истеъмоли неруи барқро сарфа кард:
-деворҳои равшан ва тирезаҳои тоза – аз 1 то 3% сарфа;
-ба ҷойи қандили калон лампаҳои алоҳида – то 50% сарфа;
-ҷудо кардани ҳуҷра ба «минтақаҳои рӯшноӣ» – то 20-50%;
-тозакунии мунтазами лампаҳо равшаниро 5-20% зиёд мекунад.
- Дарзмолкунӣ: вақти камтар – энергияи камтар
Либосро аз ҳад зиёд хушк накунед – матои хеле хушк ҳарорати баландтари дарзмолро талаб мекунад.
Маслиҳат: зери матоъ дар тахтаи дарзмолкунӣ фолга гузоред – он гармиро бармегардонад ва равандро метезонад.
- Чангкашак: филтрҳои тоза – кори устувор
Агар зарф ё халтаи чангкашак 30% пур бошад, истеъмоли неруи барқ то 1,5-2 маротиба зиёд мешавад.
Тозакунии мунтазами филтрҳо аз ҳад гарм шудани муҳаррикро пешгирӣ мекунад ва фишорро ба шабакаи барқӣ кам мекунад.
- Ҳолати интизорӣ (standby): истеъмоли ноаён
Таҷҳизоти маишӣ дар ҳолати интизорӣ ҳам неруи барқ истеъмол мекунанд.
Масалан, телевизори миёнаҳаҷм танҳо дар ҳолати интизорӣ то 9 кВт·соат дар як моҳ барқ сарф менамояд.
Дастгоҳҳои нерудиҳиро пас аз истифода аз барқ ҷудо кунед, зеро блокҳои барқи импулсӣ бе бор зудтар вайрон мешаванд.
Компютерҳо ва таҷҳизоти арзишманди электронӣ беҳтар аст пас аз истифода пурра хомӯш карда шаванд – ин муҳлати хизматрасонии онҳоро дароз намуда, хатари вайроншавиро дар ҳолати тағйирёбии шиддати барқ аз байн мебарад.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад






