Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд

Март 27, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо ба зиёда аз 77,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 13,9 фоиз ё 11,5 миллиард сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гардиши савдо дар муомилоти пулии мамлакат барои мустаҳкамшавии арзи миллӣ низ мавқеи хосса дорад, зеро гардиши пулӣ бевосита бо хизматрасонии савдо, махсусан савдои чакана алоқаманд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 14,4 фоиз афзудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 65,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 37,5 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 24,6 миллиард сомонӣ ташкил додаанд. Инчунин  соли 2025 ба маблағи қариб 11,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 8,2 миллиард сомонӣ чорвои зинда, 2,5 миллиард сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 622,2 миллион сомонӣ хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо ва ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд.

Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 6455,8 сомонӣ рост омадааст.

Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба шаҳри Душанбе (28,7 фоиз) ва вилояти Хатлон (27,9 фоиз) рост омадааст.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд