Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд

Декабрь 19, 2025 14:09

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба бештар ва амиқтар андӯхтани илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд.

Аз рушди мунтазами соҳаи маориф ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ба туфайли талошҳои пайвастаи Ҳукумат, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маънавиёт аз рушду таҳаввулоти ҷиддӣ бархурдор гардидааст.

Гуфта шуд, ки ба мақсади таълиму тарбияи насли нави ояндасоз барои афзоиши назарраси шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои муассири амалӣ андешида шудааст.

Зикр гардид, ки барои истифодаи пурсамари ҳамаи имкониятҳо барои кишвар мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун лозиманд.

Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон 19.12.2025

Декабрь 19, 2025 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ