Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 25, 2025 12:10

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 68 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шуданд.

Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст.

Бинои таълимӣ дорои 33 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис бо 104 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла фанҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат менамоянд.

Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Қабули хонандагон ба муассиса тавассути санҷиш ва баҳогузории донишу малака сурат мегирад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат ва таҳлил намуда, омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб кунанд ва барои таҳияи дастурҳои таълимии мутобиқ ба талабот тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар шаҳри Бохтар 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад