«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад

Декабрь 4, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ  ба ҳар хонадони шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.

Зимни маросими тақдими ин китоб ба собиқадорони меҳнат иброз гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи адабиёти классикӣ ва рамзи ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи худшиносии насли наврасу ҷавон аҳамияти бузург дорад. Ин иқдом ба густариши сатҳи маърифат, эҳтиром ба мероси ниёгон ва эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад.

Собиқадорон барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба рушди маърифати ҷомеа изҳори сипос намуданд. Иброз гардид, ки чунин тадбирҳо на танҳо маънавиёти ҷомеаро таҳким мебахшанд, балки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва омӯзиши осори бузургони адаб нақши муассир мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Декабрь 4, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд