ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд

Декабрь 12, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид, ки дар он нақшаи кори Шуро барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2025 таъсис дода шудааст.

Дар Низомномаи Шурои миллии об  омадааст, ки он ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифода, ҳифз ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об таъсис шудааст.

 Вазифаҳои асосии Шурои миллии об аз инҳо иборатанд:

— ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, шуроҳои ҳавзавии дарёҳо, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилоти бахши хусусӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об;

— баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаи ҳавзавӣ оид ба идораи захираҳои об ва нақшаи чорабиниҳои марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;

— таҳлил ва арзёбии амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавӣ ва нақшаи чорабиниҳои марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;

— баррасии масъалаҳои муҳими дигари марбут ба сиёсати давлатии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Ҳамзамон дар Низомномаи Шурои миллии об омадааст, ки Шуро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:

— фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотро оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг созад;

— бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавод ва иттилооти барои иҷрои вазифаҳои Шуро заруриро аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти дигар дархост намояд;

— барои иштирок дар кори Шуро намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти илмӣ ва ташкилоти дигарро даъват намояд;

— барои иҷрои вазифаҳои Шуро гурӯҳ ва комиссияҳои байниидоравии корӣ таъсис диҳад ё коршиносони мустақилро ҷалб намояд.

Шурои миллии об  ҳамчунин барои ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии фаъолият дар соҳаи ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти дигар оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об; тасдиқи нақшаи кори ҳарсолаи Шуро; пешниҳоди ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Шуро дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об уҳдадор аст.

Бояд гуфт, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси стратегӣ пайдо намудаанд. Маҳз бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи об даҳ қатъномаи муҳим қабул намуд. Татбиқи амалии онҳо ба пешрафти фаъоли Рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда, ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати манбаи обҳои фаровони минтақа мустаҳкамтар гардонид.

Ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии мамлакат мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти пурсамари Шурои миллии об метавонад ба таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иншооти гидротехникӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи омилҳои зиёди берунӣ қарор доранд: тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо, зиёдшавии аҳолӣ, рушди соҳаҳои саноат ва энергетика, инчунин афзоиши ниёзҳои кишоварзӣ. Ин ҳама боиси пайдоиши буҳронҳои нав дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, таъмини неруи «сабз», ҳамчунин обёрии заминҳо ва ҳифзи экосистемаҳо гардида, зарурати идоракунии ҳамгироёна ва оқилонаи захираҳои обро бештар мегардонад.

Об воситаи тавонои ҳамкорӣ ва муколама барои ноил шудан ба рушди устувор ва суботи комили ҷомеа мебошад. Ҳанӯз ҳам фаъолияти самарабахш, ҳамаҷониба ва мутобиқшуда зарур аст, ки бо иродаи қавии сиёсӣ дастгирӣ карда шавад. Ин раванд бояд тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва гурӯҳҳои фаъоли дигари ҷомеаро дар бар гирад. Дар баробари ин ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳеҷ кас бояд аз ин раванд дар канор намонад ва ин раванд бояд фароумумӣ бошад, ки ин принсипи асосии шакли муосири дипломатияи об мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур арзиши воқеӣ ва таркибии дипломатияи муосири об буда, паҳно ва арсаи он фарогири маҷмуи умумии масъалаҳои вобаста ба об мебошад.

Бо назардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, ҳамчун мамлакати пешсафи татбиқкунандаи ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи об шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколамаи об дар ҳама сатҳҳо буда, дипломатияи обро пеш мебарад.

Ҳанӯз аз охири қарни XX ва аввали асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои илман асоснокшударо барои ҳалли мушкилоти соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ манзур намуда, онро то кунун дар сатҳи баланд идома медиҳад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаббускори силсилаи иқдоми ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардида, пойтахти он- шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил ёфтааст. Бо назардошти мунтазаму бефосила ва самарабахш баргузор гардидани маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба об дар шаҳри Душанбе он ҳамчун «Раванди оби Душанбе» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, фарогири идеяҳои башардӯстона ва ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида мебошад.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои ҳамгироӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилии таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста зимни суханрониҳо оид  ба масъалаҳои минтақавии об дар Осиёи Марказӣ иброз  медоранд, ки агар давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба сифату миқдор ва истифодаи захираҳои обро ҳал накунанд, таъмини рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа минбаъд душвор мегардад. Бинобар ин, ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаю оқилонаи онҳо бояд аз ҷумлаи вазифаҳои умдатарини ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бошад.

Идораи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар бояд бо назардошти истифодаи одилона ва мутақобили судманди на танҳо захираҳои обӣ, балки захираҳои дигари табиӣ доир шавад. Танҳо чунин муносибат метавонад рушди устувори давлатҳо ва ҳифзи муҳити атрофро барои наслҳои оянда таъмин намояд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср