Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду даҳсола аст, ки паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо татбиқкунандаи рӯзномаи стратегии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, балки ифодагари рӯзномаи байналмилалии рушди устувор мебошанд.
Паёми соли 2024. Соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои сиёсати хориҷии мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, ба ҳашт масъалаи асосӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуданд:
– ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда барои пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба;
– иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар, бахусус пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар қолаби «Раванди оби Душанбе»;
– рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа;
– тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
– дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба дар сатҳи дуҷониба ва қолабҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои қитъаҳои дигари дунё;
– ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
– ҳамкории созанда ва қобили дурнамо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд;
– вусъати равобити бисёрҷониба бо Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ.
Дар робита ба татбиқи ин ҳадафҳои соли 2024 гузошташуда бо итминони комил метавон иброз дошт, ки соли 2025 Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пешбурди сиёсати хориҷӣ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳадафҳо ноил гардид.
Аз ин рӯ, дар робита ба 8 масъалаи болозикр метавон чунин таҳлилҳоро арзёбӣ намуд:
ЯКУМ. Барои ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва расидан ба ҳадафҳои созанда бобати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се нишасти муҳими байналмилалӣ:
– ҷаласаи «СҲШ-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор», 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Чин;
– ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, 15 сентябри соли 2025 дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар;
– дар «Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод», 12 декабри соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон, ки дар доираи «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025» иштирок ва вобаста ба ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда барои пойдории сулҳу субот дар олам суханронӣ намуданд.
Маҳз дар заминаи пешбурди сиёсати сулҳхоҳона 21 декабри соли 2025 ба Пешвои тоҷикони соҳибмаърифати ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим гардид, ки эътирофи саҳми арзандаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ мебошад.
ДУЮМ. Дар робита ба иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар, бахусус пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таъкид намудан ба маврид аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи фаъолияти «Раванди оби Душанбе» таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Маҳз 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар раванди он беш аз 2 ҳазору 200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаи конфронс қабули Эъломияи Душанбе ва «Даъвати Душанбе» гардид, иқдоми амалӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки «натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд».
Ташаккули ин «раванди нав» натиҷаи талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, самараи он бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар, бахусус пешбурди мавзуъҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи саривақтии ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор ба ташаккули сохтории фаъолияти мамлакат таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2026 пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Ин ташаббус бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ба ташкили экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ва бунёди «Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ» дар мамлакати мо мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Ҳамзамон 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
СЕЮМ. Вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат ба таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа соли 2025 мо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.
Дар робита ба ин масъала баргузории Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо қабули Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2025 – 2027 ва изҳорот дар бораи натиҷаҳои дуввумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, иборат аз 29 банд, инчунин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ, имзои шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва «Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ», 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳо аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳо дар таҳкими муносибатҳои кишварҳои минтақа ва берун аз он ба шумор мераванд.
Инчунин бо мақсади татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи хориҷӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои зерин вобаста ба таҳкими ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи он иштирок ва суханронӣ намуданд:
– ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин», 17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
– ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1), 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон;
– вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 16 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон.
Мавриди таъкиди хос аст, ки дар доираи татбиқи ин ҳадаф соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се қолаби С5+1, ки аввалин маротиба дар сатҳи баланд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд:
– нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо», 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, ҳамзамон ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»;
– нахустин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Италия», 30 майи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
– нахустин ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», 20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон.
Яъне соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш қолаби ҳамкории С5+1 фаъолона иштирок намудааст.
Дар ин замина яке аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиёи Марказӣ он аст, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
ЧОРУМ. Дар робита ба тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2025 дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Пас аз суханронии ҳама сарони давлатҳо ва гузориши Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аҳамияти саммити Душанберо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ намуда, қабули қарорҳо оид ба ташаббуси «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид намуданд, ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон мебошад.
Зимни баргузории саммити сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил 19 санад барои таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расонида шуд.
Пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» эълон намуд.
Ҳамзамон 22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат ба маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ, самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
ПАНҶУМ. Дар заминаи пешбурди сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» соли 2025 Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба дар сатҳи дуҷониба ва қолабҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар робита ба тадбирҳои амалӣ дар самти мавриди назар соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиламулоқотҳои судмандро бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо, сафари корӣ ба ҷумҳуриҳои Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом доданд.
Метавон гуфт, ки соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сафари хориҷӣ анҷом додаанд, ки аз онҳо 1 сафар давлатӣ, 2 сафар расмӣ ва 17 сафар корӣ мебошанд.
Зимни сафарҳои хориҷӣ беш аз 100 (106) мулоқоту музокирот анҷом дода шуд, ки дар байни онҳо сафари давлатӣ ба Қирғизистон (12-13.03.2025), сафари расмӣ ба Федератсияи Русия (16-17.03.2025), сафарҳои корӣ ба Қирғизистон, Қазоқистон, Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қатар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Узбекистон, Туркманистон ва Ҷопон ҳастанд.
Ҳамзамон соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди мулоқотҳо бо намояндагони хориҷӣ дар дохили мамлакат доир гардид. Агар шартан гирем, Президенти мамлакат давоми соли 2025 тақрибан 60 мулоқот бо намояндагони хориҷӣ дар Тоҷикистон анҷом доданд, ки 13 вохӯриро бо сарони давлатҳои хориҷӣ, 19 мулоқотро бо вазирону намояндаҳо ва раисони ҳукумати давлатҳои хориҷӣ ва 27 вохӯриро бо намояндагони созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ дар дохили мамлакат ба анҷом расониданд.
Инчунин соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат зимни вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар дохил ва хориҷи мамлакат тақрибан 100 (93- санад, 56 адад –дар Тоҷикистон; 37 адад – дар хориҷи мамлакат) санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Мутаносибан санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Қирғизистон 32 адад, Федератсияи Русия 23 адад, Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 адад, инчунин дар сатҳи бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 санади ҳамкорӣ ва боқимонда дар сатҳҳои Осиёи Марказӣ + (9 адад) ва сеҷониба бо Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон имзо гардидаанд.
ШАШУМ. Дар робита ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари хориҷӣ мулоқотҳои самимиро бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва кору таҳсил менамоянд, доир намуда, вазъи будубош, масъалаҳои асосӣ дар фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ ва зимни мулоқот бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.
ҲАФТУМ ВА ҲАШТУМ. Ҳамкории созанда ва қобили дурнамо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ғайра.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки соли 2025 Тоҷикистон дар доираи ҳамкории бисёрҷонибаи сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Муҳимтарин рӯйдоди сол иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.
Зимни суханронӣ дар ин иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои олам даъват ба амал оварданд, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста талош намоянд. Дар ин зимн таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ байни давлатҳои хурду бузург иқдоми муҳим ва саривақтӣ номида шуд.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи душвори давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонии маҳсур дар хушкӣ ёдовар шуда, андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ зарур шумориданд.
Маҳз дар доираи фаъолияти самараноки Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ин созмон дар робита ба ташаббусҳои Тоҷикистон ҳашт қатънома қабул намуд, ки аз эътибори ҷойгоҳи Тоҷикистон дар назди ин созмони бонуфуз дарак медиҳад:
– ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии «Хуттали қадим» зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, 12 июли соли 2025 шаҳри Париж;
– Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», 25 июли соли 2025;
– Қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ», 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО;
– Қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», 12 декабри соли 2025, ҷаласаи 7-уми МУ СММ;
– Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», 12 декабри соли 2025;
– Қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ»:
– бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027;
– Қатънома дар бораи ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намудани «Фарҳанги суманакпазӣ», 10 декабри соли 2025 ш. Деҳлии Нав.
Ҳамзамон иштирок ва суханронӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаи Созмони ҳамкории исломӣ (15.09.2025. Қатар), нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (27.11.2025. Қирғизистон), ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (01.09.2025. Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) (04.07.2025.Озарбойҷон) аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соли 2025 ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ таъкид намудан ба маврид аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон, бахусус дар сиёсати хориҷӣ боиси таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ номиданд.
Ҳамин тавр, соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳолат ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҳлил намуда, дар шароити вазъи мураккаби манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ масъалаҳои зеринро дар дурнамо афзалиятнок шумориданд:
– иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ ва ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳкими талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир;
– идомаи фаъолияти байналмилалӣ ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода»;
– андешидани тадбирҳои амалӣ барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ;
– тавсеаи ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун.
Дар маҷмуъ, тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо саъю талоши аҳлона ва пайгирӣ аз сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ Тоҷикистон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷии мамлакат ба дастовардҳои беназир ноил мегардад.
Саидҳомид ШАРИФЗОДА,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,








БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода оид ба таҳкими бозори муосири меҳнат конференсияи илмӣ доир шуд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид






