ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хосса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
21 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
21 декабри соли 2019 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.
***
21 декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.
***
21 декабри соли 2022 Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 доир шуд, табрик намоям».
***
Соли 1991 дар шаҳри Алматои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд.
21 ДЕКАБР:
Шаби ялдо
***
Рӯзи ҷаҳонии баскетбол
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи энергетика
***
Дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон.
РӮЙДОДҲО:
21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.
***
21 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт.
***
21 декабри соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардид.
***
21 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва 20-солагии Маркази фарҳангии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
***
21 декабри соли 1901 дар Норвегия ба занон танҳо дар интихоботи маҳаллӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
***
21 декабри соли 1965 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба бартарафсозии ҳама намудҳои табъизи нажодӣ қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1963 шабакаи асосии телевизиони ҷамъиятии Франсия-«France-2» таъсис дода шуд.
***
21 декабри соли 1899 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр шуд.
***
Соли 1913 дар рӯзномаи «New York World» (ИМА) аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон кроссворд нашр карда шуд.
***
Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи YouTube ва Интернет шумораи тамошо намудани як видеоклип аз як миллиард боло рафт.
***
21 декабри соли 1891 дар Иёлоти Муттаҳида аввалин бозии баскетбол дар таърих баргузор шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Тоҳир Собиров -соли 1929 -ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1966). Котиб (аз соли 1962) ва Раиси (1996—1999) Иттифоқи кинематографистони (синамогарони) Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст






