ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст
28 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил»- ро имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.
***
28 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.
***
28 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.
***
28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.
28 ДЕКАБР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
***
Рӯзи байналмилалии кино.
***
Дар Испания –Рӯзи ханда.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1938 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
Соли 1942 – Канали калони Ҳисор ба истифода дода шуд.
***
Соли 1953 Ҷамъияти ҷуғрофии Тоҷикистон – филиали Ҷамъияти ҷуғрофии умумииттифоқӣ таъсис дода шуд.
***
Соли 1965 — Хонаи меъморони Тоҷикистон кушода шуд.
***
28 декабри соли 1836 Испания истиқлолияти Мексикаро эътироф кард.
***
28 декабри соли 2007 Непал Ҷумҳурии Федеративӣ-Демократӣ эълон карда шуд.
***
Соли 1895 дар Париж аввалин киносеанси оммавии пулакӣ баргузор гардид.
***
Соли 1908 дар ҷазираи Ситсилия (Италия) заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 75 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
28 декабри соли 1985 метрои Новосибирск ба кор даромад.
***
28 декабри соли 1869 барои истеҳсоли сақич патент дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Сайидалӣ Маъмур -соли 1944,- шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, шанбе, 24-умин рӯзи соли 2026 аст






