ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, якшанбе, 362-юмин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 28, 2025 08:00

28 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил»- ро имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

***

28 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

28 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.

***

28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.

28 ДЕКАБР:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Рӯзи байналмилалии кино.

***

Дар Испания –Рӯзи  ханда.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1938 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Соли 1942 – Канали калони Ҳисор ба истифода дода шуд.

***

Соли 1953  Ҷамъияти ҷуғрофии Тоҷикистон – филиали Ҷамъияти ҷуғрофии умумииттифоқӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 1965 — Хонаи меъморони Тоҷикистон кушода шуд.

***

28 декабри соли 1836 Испания  истиқлолияти Мексикаро эътироф кард.

***

28 декабри соли 2007 Непал Ҷумҳурии Федеративӣ-Демократӣ эълон карда шуд.

***

 Соли 1895  дар Париж  аввалин киносеанси оммавии пулакӣ баргузор гардид.

***

Соли 1908 дар ҷазираи Ситсилия (Италия) заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 75 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

28 декабри соли 1985 метрои Новосибирск ба кор даромад.

***

28 декабри соли 1869  барои истеҳсоли сақич патент дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сайидалӣ Маъмур -соли  1944,- шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972).

Декабрь 28, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст