ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббусу иқдоми пайвастаи Президенти Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнҳо, маросим, ҳунарҳои мардумӣ, солгарди бузургони илму адаб ва дину оин, ёдгориҳою мавзеъҳои таърихию табиӣ, таърихи шаҳрдорию унсурҳои бунёдии давлатдории миллӣ, мероси илмию адабии мутафаккирони ниёгон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлилу арҷгузорӣ шуда, эътибору мақоми давлатию байналмилалиро соҳиб гаштаанд.

Ба қатори иқдому ташаббусҳои дурандешонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии сокинон ва муаррифии шоистаи мардуми тоҷик чун яке аз миллатҳои куҳанбунёду соҳибтамаддун, маорифпарвару сулҳхоҳ ва созандаю бунёдкор нашру ҳадяи китоб ба сокинони мамлакат низ иқдоми неки  Президенти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Нахуст нашру ҳадяи сершумори китоб ба аҳолии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тақдими китоби Қуръони Карим оғоз гардид.

Тарҷумаю баргардонии чопи китоби Қуръони Карим ба хати тоҷикии кирилию забони модарӣ ва тақсими ройгони он ба мардуми мамлакат моҳи майи соли 2007 дар яке аз ҷаласаҳои кории Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим бо ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, тақдими он тибқи дастури Роҳбари давлат дар моҳи Рамазони соли 2007 пешбинӣ гардида буд. Навбати аввали чопу ба таври ройгон дастраси аҳолии мамлакат намудани китоби Қуръони Карим аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 50 000 нусха амалӣ карда шуд.

Иқдоми дигари нодиру омӯзандаи Сарвари давлат дар ҷодаи чопу тақсими ройгони китоб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ оид ба чопу тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии мамлакат аз ҷониби Роҳбари давлат эълон карда шуд. Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуда буданд: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

Тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат дастрас карда шуд. Дар мавриди тақдим гардидани асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии мамлакат соли 2023 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” баргузор карда шуд.

Яке аз иқдоми наҷибу омӯзандаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин чопу эҳдои китоби “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар ҳошияи омодагиҳо ба таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми мамлакат маҳсуб мешавад.

Оид ба тақдими “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2024 чунин баён доштанд: “Ҳадаф аз ташаббуси мо дар бобати ба нашр расонидан ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.”

Тавре ки аз расонаҳои иттилоотӣ огоҳем, моҳи августи соли 2025 корвони пур аз китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо мақсади тақдими туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ дар мамлакат оғоз гардид. Аллакай “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба қисми бештари сокинони Тоҷикистон дастрас карда шуда, дар шаҳру ноҳияҳои боқимондаи мамлакат тақсими он идома дорад.

Бо назардошти шуруи тақсими китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва дастрасии он ба аҳолӣ бо иқдому ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо тасвиби Амри дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар баробари аҳамияти бузурги таърихию маърифатӣ, маънавию амалӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллию суннату анъанаҳои неки ниёгон доштани ташаббусҳои беназиру наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадяи ройгони китобҳои гуфташуда ба аҳолии мамлакат, инчунин ин иқдом аз якчанд хусусияти неку омӯзанда бархурдор мебошанд.

Тақдими Қуръони Карим, ки дар байни мардуми мо ҳамчун  китоби муқаддасу азимушшаън ва каломуллоҳ шинохта шудааст, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи муқаддаси мусулмонон-моҳи Рамазон хусусияту рамзи басе неку боэҳтиромонаи меҳрогини дигарбораи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикро ба Худою Расул ва китобу моҳи муқаддаси дини Ислом зоҳир менамояд.

Яке аз хусусияти хоси тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рақами 30 зоҳир гаштанаш мебошад. Агар мо ба ҷодаи илм расман қадам мондани академик Бобоҷон Ғафуровро аз вақти дифои рисолаи номзадияш ба ҳисоб гирем, пас китоби “Тоҷикон” пас аз 30 сол, яъне соли 1972 ба чоп расидааст. Дар асл ҳам, бо шиносоӣ аз ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Бобоҷон Ғафуров маълум аст, ки ӯ аллакай дар оғози соли 40-ум чун олими таърихшинос шинохта шуда, он солҳо мақолаю асарҳо ба чоп расонидааст, ки фарогирандаи ҷанбаҳои таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нави халқи тоҷик мебошанд.

Асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар суханрониҳою таълифоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шоҳасару шиносномаи миллат унвон гирифта, аз эътибору аҳамият ва муҳаббати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи соҳибтамаддуни тоҷик нисбат ба ин асари бузурги таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Яке аз хусусияти асосии асари “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар солгарди 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфа шудани он ба мардум мебошад. Муҳлати заҳмату меҳнати беҳамтои Абулқосим Фирдавсиро дар эҷоди “Шоҳнома” адиб, олим ва муҳаққиқу тарҷумони насрии ин асари оламшумул бо забони русӣ Нора Улуғзода 35 сол ёдовар шудааст.

Воқеан ҳам, тавре ки маълум аст, муддати таълиф шудани “Шоҳнома”-ро худи муаллифи он- Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо назм чунин баён намудааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Дар байни мардуму аҳли илму адаб ва давлатмандон “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ асари безавол унвон гирифтааст, зеро аз сарчашмаи бузургу пурғановати худшиносию ватандӯстӣ ва дорои аҳамияти бунёдии китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дарак медиҳад. Хусусияти дигари тақдими китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар он зоҳир гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои аввалини онро 7 марти соли 2025 дар Рӯзи Модар ҳамчун нишони иззату эҳтиром ва гиромидошти зан-модар чун сарчашмаи зиндагии инсоният, меҳру муҳаббат, тавлидгару тарбиятгари ҳар фард ва посдори анъанаю чароғи фурӯзони хонадон ба модарону занон эҳдо намуданд.

Боиси ёдоварист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз ба хотири баланд бардоштани ҳувияту худшиносии сокинон, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодкорӣ, ҳунару маҳорат, рушди навоварӣ ва пайванди илму истеҳсолот дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии зеҳнию маърифатӣ ва ҳунармандию ихтироъкорӣ доир мегарданд, ки заминаи муҳиму боэътимоди шукуфоии Ватану мардуми мо мебошанд.

Бо ибтикор ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои Қуръони Карим, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дастраси мардуми Тоҷикистон шуданд, ки ҳар оилаи мамлакат дар хона метавонад аз онҳо дар такомулу ташаккули худшиносию Худошиносии хеш ва фарзандону наберагон истифода намояд. Дар воқеъ, ин китобҳо барои мардуми мо азизу муътабар буда, зебдиҳандаи тоқдону ҷевонҳо ва мизи кошонаю коргоҳ гашта, руҳу равон ва ҳувияти миллию асолати динии моро боз ҳам ғанию пуробу ранг намуда, дар болоравии савияи донишу фаҳмиш ва тақвияти хотираи таърихию фарҳангиямон нақши муҳим мегузоранд.

Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои наҷибона эҳёгару посдори дастоварду арзишҳои неки ниёгон буда, моро бо худ ва оламиён аз нав шиносониданд.

Саидмурод ТАҒОЙЗОДА,
саромӯзгори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Декабрь 26, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон