Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд

Декабрь 26, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 нафар олим ва муҳаққиқи ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишгоҳи давлатии «Дубна»-и Русия иштирок намуданд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар доираи барномаи чорабинӣ иштирокчиён дар маърузаҳои олимони сатҳи байналмилалӣ, машваратҳои илмӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ иштирок намуда, бо самтҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти пешрафта ва инфрасохтори илмии шаҳри Дубна шинос гардиданд.

Чунин омӯзишҳо на танҳо дониши назариявиро васеъ мекунанд, балки дар рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ нақши муҳим доранд. Муоширати мустақим бо олимони ҷавони давлатҳои гуногун таҷрибаи нодири байналмилалӣ фароҳам меорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид