Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории илмӣ, омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия зимни вохӯрии роҳбарияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимону коршиносони Малайзия баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ, табодули таҷриба байни кишварҳо дар ин самт, инчунин масълаҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар Малайзия баррасӣ карда шуданд.
Иброз гардид, ки шахсиятҳои маъруфи илму таърихи ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Имом Бухорӣ ва ғайра, ки ба миллати тоҷик мансубанд, дар доираҳои илмии Малайзия дорои эҳтироми васеъ мебошанд.
Ҷонибҳо ҷалби муштараки олимони соҳавиро дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва мероси хаттӣ дар чорабиниҳои муштарак ва байналмилалӣ иброз намуданд.
Тибқи барнома, ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






