Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар шаҳри Душанбе Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 24 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ба имзо расид. Ёддошти тафоҳумро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Сатурова имзо намуданд.
Форуми театрии ҷавонон ба таҳкими робитаҳои эҷодии ҷавонони соҳаи театр дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон равона гардидааст.
Ҳадафи форум ҳифз ва рушди робитаҳои фарҳангӣ, муттаҳид сохтани театрҳою чеҳраҳои ҷавони театр ва густариши шаклҳои нави ҳамкории эҷодии ҷавонон дар соҳаи фарҳанг ва санъат дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон мебошад.
Дар назар аст, ки дар доираи он ҳунармандони ҷавон равияҳо ва консепсияҳои нави рушди санъати театриро омӯхта, таҳлил намоянд. Инчунин баргузории дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳо бо устодони шинохтаи театри муосири Русия ва ҷаҳон дар назар аст.
Дар ҷараёни форум ҳайати касбии ҳакамон намоишҳои интихобнамудаи гурӯҳҳои коршиносро тамошо намуда, ғолибонро бо ҷоизаҳои рамзии «Чатрҳои тиллоӣ, нуқраӣ ва биринҷӣ», ки рамзи муттаҳидкунандаи Форуми театрии ҷавононанд, қадрдонӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар се сол як маротиба баргузор мегардад. Форум нахустин маротиба соли 2012 дар Кишинёв, соли 2015 дар Минск, соли 2018 дар Ереван, соли 2021 дар Тошканд ва соли 2024 дар Алмато баргузор шудааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон








Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






