Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Декабрь 26, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари Паёми Президент: аз сиёсат то амал» ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, иштирокдорон оид ба самтҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масъалаҳои илму маориф, тайғирёбии иқлим, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон махсусан масъалаи омӯзиши пиряхҳоро яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ номиданд. Ин аст, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои муҳим ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ асос гузошта, олимони ҷавон ба азхуд намудани илму технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват карда шуданд.

Иброз гардид, ки минбаъд ба ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва донишу навоварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Махсусан ҷавонон дар ин самт бояд қадамҳои устувор гузошта, бо омӯхтани нозукиҳои технологияи навин барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа талош намоянд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад