ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон

Декабрь 25, 2025 08:39

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабр дар баробари дигар самтҳо соҳаи саноати металлургия ва истихроҷи маъдан низ ҳамаҷониба мавриди таҳлилу натиҷабардорӣ қарор дода шуд.

— Таъкид гардид, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот- тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 он ба 17 номгӯй расонида шуд. Яке аз ин металлҳо, ки аҳамияти стратегӣ дорад, сурма мебошад. Дар байни канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сурма яке аз металлҳои стратегӣ ва фоидаовари саноати истихроҷи маъдан  ба ҳисоб рафта, ба  гурӯҳи металлҳои вазнин дохил мешавад. Сурма (Sb) металли муҳимест, ки дар соҳаҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла моддаҳои зидди аланга, хӯлаҳо ва нимноқилҳо истифода мешавад. Он дар соҳаи саноат истифодаи сершумор дорад. Масалан, таҳияи батареяҳои дорои иқтидори баланд ба категорияи технологияҳои нав ва энергияи «сабз» дохил карда шудааст.

Манбаи асосии истеҳсоли сурма антимонит (Sb2S3)- минерали сулфид мебошад. Дар табиат зиёда аз 100 минерали сурма мавҷуд аст. Аммо аз нуқтаи назари истихроҷи саноатӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба маъдани антимонит аст, ки аз он металли сурма ва оксиди сурма (Sb2O3) коркард карда мешавад. Дар айни замон тақрибан 20 фоизи истеҳсоли ҷаҳонии сурма аз маводи дуюмдараҷа, асосан аз коркарди батареяҳои мошинҳои истифодашудаи сурб-кислота ва то андозае камтар аз коркарди партовҳои дорои сурма аз истеҳсоли мис, сурб ва тилло ба даст меояд.

Солҳои охир истифодаи маҳсулоти сурма на танҳо ба таври назаррас  афзуд, балки сохтори он низ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Агар дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта асосан соҳаи истифодаи сурма истеҳсоли аккумуляторҳо буд, ҳоло тақрибан 60–65 фоизи сурмаи ибтидоӣ барои истеҳсоли антипиретикҳо (дар шакли триоксиди сурма) истифода мешавад. Ҳоло талабот аз тарафи саноати маводи оташнишон, подшипникҳо, пластмасса, маҳсулоти резинӣ, реактивҳои кимиёвӣ, шиша ва керамика, маҳсулоти асбестӣ ва ғайра ба таври назаррас меафзояд.

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2022 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз лиҳози истихроҷи сурма ҷойи сеюмро ишғол намуд. Аз ҳаҷми умумии 110 ҳазор тонна ба Тоҷикистон 13 ҳазор тонна рост меояд. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба таври назаррас афзуд ва Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма ба ҷойи дуюм баромад.

Расми 1. Давлатҳои истеҳсолкунандаи сурма дар соли 2024

Ба андешаи таҳлилгарон, дар миқёси ҷаҳон истеҳсоли аввалини сурма аз маъданҳои он дар 15 давлат ба роҳ монда шудааст. Таъмини саноати сурмаи ҷаҳонӣ бо захираҳои мавҷудаи металлӣ дар сатҳи ҳозираи истифодаи сурма тақрибан ба 14-20 сол мерасад. Аз ин рӯ, мушкилоти мураккабии истифодаи ашёи хоми сурма дорои вазифаи таъхирнопазир аст. Аз соли 2014 то соли 2020 Иттиҳоди Аврупо сурмаро ашёи муҳим ва стратегӣ эълон кард. Ҳамин тариқ, сурма ҳоло барои ҷомеаи муосир маводи муҳим ва стратегӣ маҳсуб мешавад.

Аз соли 1990 то 2020 истеҳсоли ҷаҳонии сурма афзуда, нархаш низ боло рафт. Аммо дубора ду баробар шудани нархи сурма дар бозори ҷаҳонӣ аввали соли 2024 ва дар тамоми давраи 1990–2020 беназир буд.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли консентрати сурма аз 24,6 то 63,5 ҳазор тонна (беш аз 2 маротиба)  солҳои 2014 ва 2021 афзоиш ёфт, дар ҳоле ки истеҳсоли сурмаи металлӣ аз 0,65 то 8,3 ҳазор тонна (қариб 13 маротиба) афзоиш ёфт.

Мувофиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, истеҳсоли консентрати сурма давоми панҷ сол аз 66,6 то 116,6 ҳазор тонна, қариб 2 маротиба афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки истеҳсоли сурмаи металлӣ аз 4,4 то 23 ҳазор тонна (қариб 4 маротиба) афзоиш дода шудааст.

Расми 2. Истеҳсоли консентрати сурма-I ва сурмаи металлӣ-II дар солҳои 2019-2025 мувофиқи Барномаи саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат андешида имкон доданд, ки давоми ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид  намуданд, ки суръати рушди соҳаи саноат соли 2025  22 фоизро ташкил дод. Дар идомаи ин раванд ба вазоратҳои дахдор супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имконият рушди воқеии солонаи соҳаро давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намоянд.

Бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ бобати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи нави саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ барои солҳои 2026 – 2030» ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро омода, қабул ва амалӣ гардонанд. Ин барномаҳо метавонанд дар рушди саноати мамлакат қадами муҳим гузоранд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ ва табиӣ мебошад, ки метавонанд заминаи рушди иқтисодӣ ва саноатии мамлакатро таъмин намоянд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгари аҳамияти стратегӣ ва афзалияти рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва маъданӣ мебошад.

Дар ин санади муҳим таъкид мешавад, ки рушди саноати маъданӣ ва аз ҷумлаи он саноати коркарди маъданҳои фоиданок бояд дар заминаи истифодаи технологияи муосир ва эътибор ба стандартҳои экологӣ амалӣ гардад. Ба таври умум, истифодаи дурусти захираҳои маъданӣ метавонад на танҳо иқтисодиётро устувор созад, балки боиси эҷоди ҷойи нави ко рва рушди минтақаҳо гардад.

Ҳамин тавр, ганҷинаи маъданҳои Тоҷикистон имконияти калони рушди иқтисодӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меорад, ки амалисозии онҳо бояд бо стратегия ва назари илми муосир ҳамроҳ бошад.

Дар шароити Ҷумҳурии Точикистон таҳқиқот дар соҳаи металлургияи сурма барои муваффақона ба амал баровардани ҳадафи стратегии индустрикунонии мамлакати мо ва аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ гузаштан аҳамияти махсус дорад. Мавҷуд будани захираҳои бойи табиӣ ва конҳои маъданҳои бисёрунсура, манбаи нисбатан арзон ва дастраси қувваи электрикӣ асоси боэътимоди тараққиёти саноати металлургияи давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳаёт РАҲИМЗОДА,
мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2025 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуд
Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини шароити арзанда – мавзуи меҳварӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМО БА СӮЙИ ФАРДО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
ПАЗИРОИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛӢ — БА ХОТИРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Китоби «Ҳадафҳои созандаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
МУҚОВИМАТ БА ХУРОФОТПАРАСТӢ-ТАВАССУТИ МАЪРИФАТИ БАЛАНД. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ