Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Туҳфаҳо аз либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм, сарпӯшҳои мавсимӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо иборат буданд. Инчунин оростани дастурхони пурнозу неъмат ва ташкили барномаи фарҳангӣ сабаби хушнудии наврасон гардид.
Тарбиятгирандаи синфи 10-уми Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен Ҷасур Маҳмадалиев иброз намуд, ки дар мактаб-интернат барои зиндагӣ, таъмини ғизо, истироҳат, омодагӣ ба дарсҳо ҳама шароит муҳайё гардидааст. Инчунин дар ин ҷо барои мо китобхона-махзани асарҳо, ҷойи тайёр кардани дарс, ҳуҷраҳои машғулияти иловагӣ ва маҳфилҳои мусиқӣ амал мекунанд. Иттилоъ дода шуд, ки раванди таълиму тарбия ва фаъолияти мактаб-интернатҳо зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити буду бош ва таълими тарбиятгирандагони ин муассисаҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш менамоянд, ки пайрави содиқи Пешвои миллат бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба амалҳои неку писандидаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзманд ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон низ ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






