Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 ба 15 декабр варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё байни наврасон, ки аз 7 то 14 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуданд, бо дастоварди бузург — 4 медал, аз ҷумла 1 медали тилло ва 3 медали нуқра ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз истинод ба Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи милии параломипии Точикистон истиқбол гирифтанд.
Зимни маросими истикбол роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дастовардҳои ҳайати ҷумҳурӣ барои рушди варзиши паралимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд ва намунаи ибрат барои ҷавонони кишвар мебошанд.
Нимаи дуюми имрӯз ба хотири дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки чунин дастовардҳо дар баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муасир дошта, ба рушди варзиши паралимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд. Ин ғолибиятҳо инчунин собит менамояд, ки дар Тоҷикистон ба рушди тамоми намуди варзиш аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Илова бар ин тазаккур дода шуд, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ на танҳо барои ба даст овардани медал муҳим аст, балки барои баланд бардоштани мақоми варзиши паралимпӣ ва ҳавасмандсозии дигар ҷавонони имконияташон маҳдуд аҳамияти хосса дорад.
Роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва варзишгарон аз дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Дар ин рӯз инчунин ба хотири дастовардҳои бузурги варзишӣ дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон варзишгарон ва мураббиҳои онҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки медали тиллоро дар вазни 65 кг Аҳмади Фатҳидин дар намуди вазнабардорӣ ба даст овард. Ӯ бо бардоштани 135 кг на танҳо ғолиб омад, балки рекорди ҷаҳонӣ низ гузошт, ки барои варзиши паралимпии Тоҷикистон дастоварди таърихӣ маҳсуб мешавад.
Як медали нуқра дар вазни 49 кг ба Мизробиддин Олимов насиб шуд. Ду медали дигари нуқраро дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) Ҳаитҷон Хусаинов ба даст овард. Ӯ дар вазни мутлақ дар дасти чап ва рост дар байни намояндагони 10 давлат мақоми дуюмро соҳиб гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати варзишгарони тоҷик бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сарпарастии роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ба Дубай сафар карда, дар мусобиқот иштироки фаъол дошт.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон




























Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






