Вазири молияи Тоҷикистон дар конференсияи молиявии рушд дар шаҳри Риёз иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ зери унвони «Расидан ба ҳадафҳои рушд» конференсияи молиявии рушд баргузор гардид, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, конференсия таҳти сарпарастии Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, Сарвазири ин давлат Муҳаммад Бин Салмон Бин Абдулазиз Ал – Сауд баргузор шуда, дар он намояндагони воломақоми давлатҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки исломии рушд, фондҳои арабӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ширкатҳои бонуфузи байналмилалии тиҷоратӣ ва зиёда аз 120 коршиноси сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар конференсия тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ байни фондҳои рушд, бонкҳо ва муассисаҳои байналмилалии молиявии рушд барои баланд бардоштани самаранокии экосистемаи рушд, тақвияти иқтидори давлатҳо барои қонеъ кардани афзалияти миллӣ, мутобиқ намудани ҳадафҳо барои таъмини таъсири устувории рушд ба ҷомеа ва иқтисодиёт, ҳамзамон густариши ҳамкорӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои таъмини ҳадафҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






