ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати мобилии ZET-MOBILE иқдоми ҷадидеро пешниҳод намуд — акнун муштариёни нав метавонанд ба хатти маъруфи тарофаҳои «SUPER Қувва» пайваст шаванд ва аз тамоми бартариҳои алоқа, интернет ва хизматрасониҳои дӯстдошта бо нархи ду баробар арзонтар баҳра баранд.
Дар доираи иқдом, хатти тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50% барои шаш моҳ аз рӯзи фаъолсозӣ дастрас мебошанд. Ин имконияти беҳтарин барои муштариёни нав аст, то сифати баланди ширкати ZET-MOBILE ва шароити фоиданокро эҳсос намоянд.
Баъди анҷоми муҳлати иқдом, муштариён метавонанд истифодаи хизматрасониҳоро тибқи шартҳои муқаррарии хатти тарофаҳои «SUPER Қувва» идома диҳанд. Ғайр аз ин, дар сурати пардохти саривақтӣ, боқимондаи трафикҳо ба моҳи навбатӣ интиқол меёбанд, ки ин истифодаи хизматрасониҳоро боз ҳам қулайтар ва самараноктар мегардонад.
Хатти тарофаҳои «SUPER Қувва»: суръат, қувва ва озодӣ
Ширкат чор тарофаро пешниҳод менамояд, ки ҳар як корбар метавонад варианти мувофиқро барои худ интихоб намояд:
- Super Мини — 39 сомонӣ ➝ бо тахфиф ҳамагӣ 19,50 сомонӣ (фармоиш барои пайвастшавӣ #7711#*);
- Super Макс — 59 сомонӣ ➝ 29,50 сомонӣ (#7712#*);
- Super Про — 79 сомонӣ ➝ 39,50 сомонӣ (#7713#*);
- Super Ултра — 99 сомонӣ ➝ 49,50 сомонӣ (#7714#*).
Ҳар як тарофа дар бар мегирад:
- то 60 ГБ интернети рӯзона;
- то 300 ГБ интернети шабона (аз соати 00:00 то 06:59);
- то 600 дақиқаи занг дар дохили шабакаи ZET-MOBILE.
Имкониятҳои бештар — барои онҳое, ки бештар мехоҳанд
Барои истифодабарандагони фаъол имконоти иловагӣ пешбинӣ шудааст, ки имкон медиҳанд тарофаро мувофиқи эҳтиёҷоти худ танзим намоянд:
+5 ГБ интернет, +10 ГБ барои мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, YouTube ё TikTok, +100 дақиқа барои зангҳо дар қаламрави Тоҷикистон, +1000 SMS, +300 ГБ интернети шабона ва инчунин обуна ба ZET-TV барои як моҳ.
Иқдом танҳо барои муштариёни нав, ки аз 2 октябри соли 2025 ба шабакаи ZET-MOBILE пайваст шудаанд, амал мекунад.
ZET-MOBILE кӯшиш мекунад, ки хизматрасониҳои рақамии замонавиро барои ҳамаи корбарон дастрас ва фоиданок гардонад. Хатти тарофаҳои «SUPER Қувва» — ин муттаҳидшавии суръати баланд, алоқаи босифат ва нархи дастрас мебошад. Бо шарофати тахфифи 50%, муштариёни нав метавонанд итминон ҳосил кунанд, ки аз алоқаи мобилӣ метавон ҳам қулай, ҳам иқтисодӣ истифода бурд.
Иқдоми ZET-MOBILE — имконияти беҳтарин барои оғози истифодаи хизматрасониҳои оператор бо шартҳои аз ҳама фоиданок. Ба тарофаҳои «SUPER Қувва» ҳамроҳ шавед ва ҳама чизи заруриро барои ҳаёти фаъол бо нархи ду баробар арзонтар ба даст оред.
ZET-MOBILE — алоқаи насли нав.
АКС: ширкати ZET-MOBILE










Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






