22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст

Январь 22, 2026 08:39

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти гумрук муқаррар гардидааст. Мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 таъсис дода шудааст. АМИТ «Ховар» бахшида ба ин сана аз дастоварди ин соҳа мухтасар ёдовар мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон иброз доштанд, ин мақомот дар самти ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо қадамҳои устувор мегузорад. Ин иқдом дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шаффофияти гардиши мол, таҳкими назорат ва мутобиқ намудани равандҳои гумрукӣ ба талаботи замони муосир дар доираи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2025

Дар Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расид, ки соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро гардидааст. Роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон соли 2025 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот ба таври густурда ва самарабахш фаъолият карда, дар натиҷа ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардиданд. Дастовардҳои соҳа дар соли 2025, хусусан аз нақша барзиёд иҷро гардидани пардохтҳои гумрукӣ бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошад. Инчунин барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2025 аз амалӣ шудани такмили низоми маъмурикунонии соҳа, хусусан татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории босифати молҳои мавриди ниёзи мардум, гузарондани машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маҳсулот сарчашма мегирад.

Гумрук — мақомоти калидӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ

Маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети мамлакат табдил гардид. «Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ

маҳсуб шуда, нақши он дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ муҳим аст. Ҳамзамон таъмини амнияти иқтисодии мамлакат рисолати асосии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Он ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддию фарҳангии халқ ва назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст.

Имзои 11 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ

Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин аст, ки соли 2025 бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкории мутақобили судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷониби Хадамоти гумрук бо мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ 42 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ ва дар дигар самтҳои афзалиятнок таҳия гардиданд. Ин санадҳо барои баррасӣ ба мақомоти гумруки Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Арманистон, Ҳиндустон, Корея, Ҷопон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Чин, Эрон, Туркманистон, Гурҷистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Малайзия, Русия, Сингапур, Таиланд, Индонезия, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва чаҳорчӯбаи Осиёи Марказӣ — Чин ба тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод карда шуданд. Аз ин омор 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ пас аз мувофиқаи байнидавлатӣ ва дохилидавлатӣ барои баимзорасонӣ омода карда шуда, 11 санад дар давраи ҳисоботӣ имзо гардид. Ҳамзамон дар ин давра 48 вохӯрии ҳузурӣ ва маҷозӣ гузаронида шуда, зимни он масъалаҳо вобаста ба татбиқи амалисозии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷониба, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзеи онҳо, таҳияи лоиҳаҳои нави санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи гумрук дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҷаҳонии гумрук, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Осиёи Марказӣ-Чин ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ: имзои созишнома бо бонкҳо

Мақомоти гумрук барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо ташкилоти қарзӣ ва бонкҳо ҳамкорӣ намуда, Созишнома оид ба мубодилаи маълумотро бо «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», «Ориёнбонк», «Тавҳидбонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Эсхата», «Аввалин Бонки Молиявии Хурд», «Имон Интернешнл»,«Душанбе Сити» бо мақсади амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ба имзо расонид.

Қабули Барномаи нави рушди мақомоти гумрук

Бо назардошти эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудану рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ин раванд аз моҳи марти соли 2025 дар Хадамоти гумрук «Барномаи нави миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои соли 2025-2029» мавриди амал қарор дода шуд. Татбиқи амалии ин барнома идомаи мантиқии барномаи қаблӣ хоҳад буд. Татбиқи амалии чораҳои дарҷшуда раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, фаъолият дар ин самт ба таври системавӣ тавассути технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Ҳолати мазкур барои барзиёд таъмин шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад