ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд

Январь 23, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сокинони ҷумҳурӣ шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома»-ро мутолиа мекунанд. Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун туҳфаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда шуд.

«Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони тоҷику форс давоми ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар сарсухани китоби «Шоҳнома» таҳти унвони «Фурӯғи «Шоҳнома» дар ҳар хонадони тоҷик» Сарвари давлат иброз намудаанд, ки «дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар таъриху адаби ҳеҷ миллате ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои халқашро бо хуни дил қаламӣ кард ва бад-ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одати ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт.

Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пурифтихор ва нақлу ривоятҳои паҳлавонию қаҳрамонии ниёгони бузургамонро аз маъхазҳои қадими хаттӣ ва гуфтори шифоҳии ҳамзамононаш, бахусус «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Шоҳномаи Абумансурӣ», худойномаҳо, таърихномаҳо ва андарзномаҳо ҷамъоварӣ карда, номаро «зи дафтар ба гуфтори хеш» овардааст ва ба ин восита дар олами суханварӣ ва адабу ҳунар ҷойгоҳи баланд ёфтааст. Ба таъбири дигар, ӯ бо «пайвастани номаи бостон» китоби азиме ба вуҷуд овард, ки ба қавли худаш, «аз боду борон наёбад газанд» ва бад- ин васила таъриху фарҳанги дурахшону бостонии моро умри абад бахшид».

«Шоҳнома» ба андешаи донишмандон аз бахшҳои асотирӣ ва ривоятӣ иборат аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки афкору пиндор ва гуфтору рафтори қаҳрамонони «Шоҳнома» ҳам дар даврони асотирӣ, ҳам дар бахши паҳлавонӣ ва ҳам дар замони таърихӣ чунон таҷассум ёфтааст, ки ҳеҷ гуна таҳаввулоту дигаргуниҳои таърихӣ, эътиқодӣ, ҷаҳоншиносӣ ва низоми иҷтимоӣ наметавонад арзишҳои таърихию маърифатӣ, маънавию ҳувиятӣ ва адабию фарҳангии ин шоҳасари безаволро таҳти таъсир қарор диҳад. Ба ин хотир аст, ки гуфтаанд:

Зи «Шоҳнома» гӯ, ки пуровоза аст,
Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.

Бояд гуфт, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда мешавад. Озмун ба ифтихори 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, доир мегардад.

Озмун аз чор давр иборат буда, сарпарасти озмун Президенти Тоҷикистон мебошад. Барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти мамлакат 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ба андешаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ марҳилаи наверо дар мутолиаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то озмун дар ҳама зинаҳо дар сатҳи баланд ва муассир гузарад. Ба таъбири дигар, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои «Шоҳнома» бояд эҳсос кунем».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро ҷовидон зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?