Ҳайати Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Миср мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қоҳира мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазир ва ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мисриёни хориҷ аз кишвари Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Алавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Мисрро, ки 27 январи соли 2026 дар Қоҳира ба имзо расида буд, баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба дар самтҳои табодули таҷриба, таҳқиқоти муштараки дипломатӣ ва баргузор намудани даврҳои такмили ихтисос барои кормандони дипломатӣ ҳамчун омилҳои муҳим дар рушди ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






